Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъоли ситоди Навалний ба ҳамкории чандинсола бо "ФСБ" эътироф кард


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Фаъоли пешини ситоди мухолифи ҳукумати Русия Алексей Навалний дар шаҳри Удмуртия Михаил Соколов гуфт, ки бо Хадамоти федеролии амнияти Русия ҳамкорӣ дошт.

Соколов, ки ҳоло дар урдугоҳи паноҳандагон дар Ҳоланд қарор дорад, дар суҳбат бо нашрияи "Вёрстка" гуфт, ӯро дар соли 2016 ба ҳамкорӣ бо Хадамоти федеролии амният ё "ФСБ" ҷалб кардаанд.

Он замон Соколов 19 сол дошт ва ба ин тартиб, худро аз даъват шудан ба артиш наҷот додааст. "ФСБ" ба вай пешниҳод кардааст, ки дар ивази хидмат дар артиш "хабарчини мақомоти Русия бошад". Мақомоти Русия ба ин фаъоли ситоди Навалний моҳона 10 ҳазор рубл низ мепардохтаанд. Дар иваз Соколов мақомотро аз ташкилшавии гирдиҳамоиҳо огоҳ мекардааст.

Дар соли 2021, замоне, ки мақомоти Русия ситодҳои Навалнийро тундгароёна эълом карданд, "ФСБ" ба кӯмак кардааст, ки Соколов ба Гурҷистон кӯч бандад. Соколов мегӯяд, ҳамлаи Русия ба Украина боис шуд, ки вай аз ҳамкорӣ бо мақомот даст кашад ва ба Ҳоланд равад. Айни замон вай дар Ҳоланд дар ҷустуҷӯи паноҳандагии сиёсӣ аст.

XS
SM
MD
LG