Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абубакр Шеров дар Ҷоми бози Осиё оид ба ҷудо медали нуқра гирифт


Абубакр Шеров, варзишгари тоҷик, дар Ҷоми бози Осиё (Aktau Asian Open 2022) ба хотираи Турар Жолдибоев, тоҷири маъруфи қазоқ, ки рӯзҳои 13-14-уми август дар шаҳри Оқтови Қазоқистон баргузор шуд, дар вазни то 66 кило медали нуқра ба даст овард.

Абубакр рақобатро аз даври дувум муқобили варзишгари мизбон Азамат Зулжалелов шуруъ кард ва дастболо шуд. Ӯ дар даври чорякниҳоӣ намояндаи дигари Қазоқистон Болат Билолро шикаст дод ва ба нимфинал роҳ ёфт. Паҳлавони тоҷик дар даври ниманиҳоӣ севумин гуштигири қазоқ Алмас Галимовро ноком карда, ба финал роҳ пайдо намуд. Вале дар қувваозмоии ниҳоӣ аз намояндаи дигари Қазоқистон Сунгат Жубаткан мағлуб гашт ва барандаи медали нуқра шуд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ғайр аз Абубакр Шеров, боз ҳафт гуштигири тоҷик - Акабаралӣ Кенҷаев (-60 кг), Аҳмадҷон Аюбов (-66 кг), Маҳмудҷон Раҳимов (-73кг), Наврӯз Каримзод (-73кг), Ҳайдар Саидкабирзода (-81кг), Кароматулло Ҳакимов (-90кг) ва Амирҷони Насимҷон (-100кг) - намояндагӣ карданд. Вале ҳамаи онҳо дар даври муқаддамотӣ ноком шуда, аз идомаи сабқат маҳрум гаштанд.

Ҳамин тариқ, дастаи ҷудои Тоҷикистон бо як медали нуқраи Абубакр Шеров мусобиқаро ба анҷом расонид.

Дар Ҷоми бози Осиё дар рақобатҳо аз рӯи 14 вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) ҳудуди 200 варзишгар аз шаш кишвари Осиё (Қазоқистон, Муғулистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Ҳонконг, Чин) иштирок карданд.

Мусобиқаи мазкур рейтингӣ буд ва дар радабандии ҷаҳонии ҷудо барои мақоми аввал - 100 имтиёз, дувум – 70 ва севум - 50 имтиёз дода шуд.

XS
SM
MD
LG