Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгарони тоҷик дар бозиҳои ҳамбастагии исломӣ медал гирифтанд


Илдар Аҳмадиев дар ҷаҳиш ба дарозӣ бо натиҷаи 7 метру 86 сантиметр дувум шуд.
Илдар Аҳмадиев дар ҷаҳиш ба дарозӣ бо натиҷаи 7 метру 86 сантиметр дувум шуд.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ, ки бо иштироки беш аз 4000 варзишгар аз 56 кишвари ҷаҳон дар шаҳри Қунияи Туркия ҷараён дорад, дар панҷ рӯзи рақобатҳо се медал (1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Илдар Аҳмадиев дар ҷаҳиш ба дарозӣ бо натиҷаи 7 метру 86 сантиметр дувум шуд ва бо медали нуқра сарфароз гашт. Асламҷон Азизов дар вазни то 55 кило ва Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни то 63 кило, ҳарду дар риштаи гуштии юнонию румӣ, медалҳои биринҷӣ гирифтанд. Ҳамин тариқ, мунтахаби Тоҷикистон аз рӯи ҳисоби медалҳо дар ҷойи 31-ум қарор дорад.

Дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ баъди натиҷагирии панҷ рӯзи рақобатҳо дар ҳисоби дастаӣ мизбонон мақоми аввалро касб кардаанд. Мунтахаби Туркия 137 медал (48 тило,48 нуқра ва 41 биринҷӣ) гирифтааст.

Мунтахаби Эрон бо касби 56 медал (22 тило, 18 нуқра ва 16 биринҷӣ) дар мақоми дувум қарор дорад. Мунтахаби Узбекистон бо касби 53 медал (18 тило, 14 нуқра ва 21 биринҷӣ) мақоми севумро азони худ кардааст.

Ба даҳгонаи аввал, инчунин Қазоқистон - 36 медал (12 тило, 5 нуқра ва 19 биринҷӣ), Озарбойҷон бо касби 35 медал (9 тило, 12 нуқра ва 14 биринҷӣ), Марокаш - 35 медал (9 тило, 6 нуқра ва 20 биринҷӣ), Баҳрайн - 18 медал (9 тило, 6 нуқра ва 3 биринҷӣ), Индонезия - 18 медал (8 тило, 4 нуқра ва 6 биринҷӣ), Алҷазоир - 15 медал (4 тило, 5 нуқра ва 6 биринҷӣ) ва Қирғизистон бо касби 9 медал (3 тило, 4 нуқра ва 2 биринҷӣ) дохиланд.

Умуман, то ҳоло варзишгарони 39 кишвар барандагони медалҳои Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ гардидаанд, аз он ҷумла намояндагони 26 кишвар бо медалҳои тило сарфароз шудаанд.

Аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин Туркманистон бо касби 8 медал (1 тило, 2 нуқра ва 5 биринҷӣ) дар ҷойгоҳи 17-ум қарор дорад. Мунтахаби Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷойи охирин аст.

Ба барномаи бозиҳо 20 намуди варзиш дохил аст. Варзишгарони тоҷик, ки 48 нафаранд, дар ҳашт намуд – варзиши сабук, камонварӣ, ҷудо, каратэ-до, тенниси рӯи миз, таэквондо, вазнабардорӣ ва гуштии варзишӣ сабқат мекунанд.

Бо иштироки варзишгарони тоҷик рӯзҳои 10-13 август мусобиқаи гуштии озод ва гуштии юнонию румӣ, 11-15 август - вазнабардорӣ, 13-15 август - тенниси рӯи миз миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд, 15-18 август - камонварӣ, 15-17 август - ҷудо ва 17-18 август мусобиқаи каратэ-до доир мешавад.

Бояд гуфт, ки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ ҳамагӣ 6 медал (як тилло, як нуқра ва 4 биринҷӣ) ба даст овардаанд. Дилшод Назаров дар гурзандозӣ бо медали тилло ва Насҳиддин Ворисов дар риштаи таэквондо WT бо медали нуқра мукофотонида шудаанд. Ҳарчор медали биринҷиро варзишгарони тоҷик дар риштаи варзишҳои зӯрхонаӣ гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG