Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангҳо дар шарқи Украина идома доранд


Минтақаи Харков, 6-уми август
Минтақаи Харков, 6-уми август

Ситоди кулли қувваҳои мусаллаҳои Украина гузориш дод, ки нирӯҳои Русия рӯзи 6-уми август ҳуҷумҳо ба Бахмут ва шаҳрҳои дигари вилояти Донетскро вусъат бахшиданд. Илова ба ин ҳам Киев ва ҳам Маскав ҳамдигарро дар гулӯлаборони корхонаи ҳастаии Запорожйе гунаҳгор карданд. Мақооти украинӣ субҳи шанбе гуфтанд, ки нирӯҳои украинӣ бомуваффақият пеши ҳуҷуми русҳоро дар Яковливка, Вершин, Кодем ва Зайтсево гирифта тавонистанд. Тасдиқи дурустии ин гузоришҳо тавассути манобеи мустақил имкон надорад.

Дар Телеграм канале Виталий Ким, раиси маъмурияти низомии минтақавӣ гуфт, ки дар шаҳри Миколаеви воқеъ дар хати ҷанубии ҷанг то 8-уми август қуюди шабгардӣ ҷорӣ шуд. Ӯ гуфт, ки мақсади асосӣ аз ин қарор маълум ва дастгир кардани афроде аст, ки бо русҳо ҳамкорӣ мекунанд.

Президенти Украина Владимир Зеленский дар як паёми видеоии шабонгоҳиаш барои тирборони истгоҳи атомии Запорожйе Русияро дар “амали террористӣ” айбдр кард. Ин корхона дар 200-километрии шимолу ғарби шаҳри Мариупол ҷойгир аст, ки ҳоло онро русҳо назорат мекунанд. Зеленский гуфт, ки ҷаҳон бояд бо сахттарин таҳримҳо саноати атомии Русияву шахсиятҳои марбут ба онро ҷазо диҳад. Ин изҳорот баъди иттиҳоми маъмурияти аз ҷониби Русия таъиншуда дар шаҳри Энергодар садо дод, ки корхона ҳам дар он ҷо ҷойгир аст. Ин маъмурият иддао кард, ки тӯпхонаҳои украиниҳо хатҳои барқи ин корхонаро осеб расониданд.

XS
SM
MD
LG