Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДОИШ масъулияти таркиш дар Кобулро ба ӯҳда гирифт


19 апрели соли 2022. Таркиши ду бомба дар як мактаби писаронаи ҳазораҳо ҷони 6 нафарро гирифт
19 апрели соли 2022. Таркиши ду бомба дар як мактаби писаронаи ҳазораҳо ҷони 6 нафарро гирифт

“Давлати исломӣ” иддао кард, ки таркишеро дар як маҳаллаи шианишини шаҳри Кобул, ки 8 кушта барҷой гузошт, ин гурӯҳи ҷангӣ анҷом додааст. Холид Задрон, сухангӯи полисе, ки аз ҷониби Толибон таъин шудааст, гуфт, бомба рӯзи 5-уми август таркид. Ин мавод дар зери меваву сабзаҷоти як аробае пинҳон карда шуд ва он дар як маҳаллаи тиҷоратии серодаме мунфаҷир шуд.

Ба гуфтаи Задрон, 8 нафар кушта шуд ва 18 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Гурӯҳи ҷангӣ дар изҳороте иддао кардааст, ки дар ин ҳодиса 20 кас куштаву захмӣ шудааст.

Маҳаллае, ки таркиш рух дод, асосан макони зиндагии намояндагони қавми ҳазора аст, ки шиамазҳаб мебошанд. Ин гурӯҳи мусалмонон ҳоло даҳ рӯзи аввали моҳи мубораки Муҳаррамро ҷашн мегиранд ва 8-уми август маросими Ошӯро аст, ки бо таҷаммӯи намозгузорон дар масҷид барпо мешавад. Задрон гуфт, ки душман “ҳамлаашро дар рӯзҳои муқаддас анҷом дода ҷони одамони бегуноҳро гирифт”.

Дар Афғонистон ҳар сари чанд вақт гурӯҳи “Далвати Исломӣ” ба ҷамъияти шиаён ҳамлаҳо анҷом медиҳад. Барои ҳукумати Толибон, ки як сол пеш қудратро дар кишвар ба дасти худ гирифтанд, ин гурӯҳ чолиши асосӣ ба ҳисоб меравад.

XS
SM
MD
LG