Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия умедвор аст, ки аз фардо содироти гандуми Украина ба роҳ монда мешавад


Як сухангӯи президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, шонси зиёд аст, ки нахустин киштӣ бо гандуми украинӣ рӯзи 1-уми август соҳилро тарк кунанд. Иброҳим Калин рӯзи 31-уми июл дар сӯҳбат бо телевизиони маҳаллии “Канал 7”-и Туркия гуфт, “агар ҳама корҳо то фардо тамом шаванд, чунин ба назар мерасад, ки аввалин киштӣ фардо соҳилҳоро тарк хоҳад кард”.

Президенти Украина Владимир Зеленский ҳафтаи ҷорӣ гуфт, ки интиқоли миллионҳо тонна гандум ба киштиҳои мустақар дар соҳилҳои ҷанубии кишвар шурӯъ шудааст ва мунтазири Туркияу СММ ҳастанд, ки барои назорати ҳаракати киштиҳо изҳори омодагӣ кардаанд.

Рӯзи 22 июл Киев ва Маскав дар Туркия созишномае имзо карданд, ки бар асоси он се соҳили Украина дар шаҳрҳои Одесса, Черноморск ва Южний барои бор кардаву интиқол додани захираҳои гандум омода мешаванд. Ин кор аз замони шурӯи ҷанги беасоси Русия алайҳи Украина дар моҳи феврали имсол номумкин буд. Ҳадаф аз ин кор коҳиши бӯҳрони ғизо дар ҷаҳон аст.

Украинаву Русия содиркунандаҳои калонтарини гандум дар ҷаҳон мебошанд. Зеленский гуфт, ки имсол ҳосили гандум дар Украина ба нисф баробар мешавад. Ӯ гуфт, ки ҳадаф пешгирӣ аз бӯҳрони ҷаҳонии ғизо ва таъмини бозори ҷаҳонӣ бо захираҳои мавҷуда мебошад.

XS
SM
MD
LG