Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Киев ҳабси абади як сарбози русро дигар карданд


Вадим Шишимарин, Киев, моҳи майи 2022

Додгоҳи таҷдиди назар дар Киев ҳабси умрбоди як сарбози русро ба 15 сол зиндон иваз кард.

Сержант Вадим Шишимарини 21-сола ба куштани марди 62-сола, Александр Шелипов, гунаҳкор аст.

Ҳодиса 28-уми феврали имсол ва дар рӯзҳои аввали таҷовузи Русия ба Украина рӯй додааст.

Сомонаи “Грати” рӯзи 29-уми июл дар Telegram навишт, ҳукми Шишимаринро ҳайати додрасҳои Додгоҳи таҷдиди назари Киев кам кард. Ӯро моҳи майи имсол ба ҳабси якумрӣ маҳкум карда буданд.

Вакили мудофеи Шишимарин рӯзи 13-уми июл аз додгоҳ хоста буд, ҳукмро бекор ва шахси зери ҳимояташро бегуноҳ эълон кунад.

Виктор Овсянников гуфт, додгоҳ ба назар нагирифтааст, ки Шишимарин чанд дафъа аз иҷрои фармони тирпарронӣ даст кашидааст.

“Ҷазо аз ҳад зиёд сахт буд, дар ҳоле ки Шишимарин аз шаҳодат додан саркашӣ накард ва ба гуноҳаш эътироф намуд”, -- гуфт ӯ.

Додситонҳо ҷонибдори ҳабси абади Шишимарин ҳастанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG