Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Контейнер”-ҳои Узбекистонро ба нерӯҳои марзбонӣ додаанд


Бемористони сайёр барои муолиҷаи гирифторони COVID-19. Душанбе, соли 2020
Бемористони сайёр барои муолиҷаи гирифторони COVID-19. Душанбе, соли 2020

Вагон ё "контейнер"-ҳое, ки барои бемористони сайёр пешбинӣ шуда буд, ба нерӯҳои марзбонӣ додаанд.

Дар ин бора Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ рӯзи 27-уми июл хабар дод.

“Контейнерҳо ба ихтиёри Қушӯнҳои сарҳадӣ дода шуд,” -- гуфт вазир.

Ин 144 вагонро соли 2020 Узбекистон барои сохтани беморхонаи сайёр барои гирифторони COVID-19 дода буд.

Бо ин вагонҳо дар варзишгоҳи "Бофанда" дар Душанбе беморхонаи сайёр ташкил карданд, аммо ин беморхона тақрибан истифода нашуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG