Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон ба раъйпурсие омода мешавад, ки замонаш маълум нест


Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон
Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон

Сарфи назар аз он ки санаи баргузории райъпурсӣ барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Узбекистон маълум нест, дар маҳаллаҳо ва корхонаҳои он кишвар омодагӣ ба ин маърака ба таври комил пеш меравад.

Як сокини шаҳри Тошканди Узбекистон ба шарти фош нашудани номаш дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, раисон ва кормандони маҳаллаҳои Тошкандро меомӯзонанд, ки "дар сурати иштирок накардани мардум дар раъйпурсӣ чӣ кор кунанд".

"Сарфи назар аз он ки расман дар бораи омодагӣ ба раъйпурсӣ хабаре нест, дар маҳаллаҳо омодагиҳо дида мешавад. Раисони маҳаллаҳоро чанд ҳафта аст, ки омӯзиш медиҳанд. Ҳатто кормандони беморхонаҳоро омода мекунанд", - гуфт сокини Тошканд.

Санаи баргузории раъйпурсӣ ҳамоно маълум нест.

Порлумони Узбекистон рӯзи 15-уми июл муҳлати баррасии умумии тарҳи тағйиру иловаҳоро ба Конститутсия то 1-уми август дароз карда буд.

Тарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Узбекистон рӯзи 25-уми июн ба баррасии умумӣ гузошта шуд, аммо баъди ҳодисаҳои рӯзҳои 1 ва 2-юми июл дар ҷумҳурии Қароқалпоқистон, порлумони Узбекистон муҳлати баррасиро тамдид кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG