Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги се корманди хадамоти амнияти Русия дар Қирғизистон


FSB
FSB

Дар шаҳри Ӯши Қирғизистон дар як садамаи нақлиёт шаби 25 ба 26 июл се корманди хадамоти Федеролии амнияти Русия фавтидаанд. Дар ин бора расонаҳои Қирғизистон иттилоъ доданд.

Консулгарии Русия дар шаҳри Ӯши Қирғизистон ахиран хабар дод, ки ин се шаҳрванд корманди Хадамоти марзбонии Хадамоти федеролии амнияти Русия буданд.

Ба иттилои пешакӣ, ронандаи мошин аз уҳдаи идораи он набаромада, бо суръати 150 км/дарсоат ба сутуни канори роҳ бар хӯрдааст. Ронанда ва ду мусофир дар ҷои ҳодиса фавтидаанд.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дар Қирғизистон Гуруҳи фаврии Хадамоти марзбонии Хадамоти федеролии амнияти Русия ҷойгир аст.

XS
SM
MD
LG