Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасдиқи мушакборони пули муҳиме дар Украина


Пули Антонивский

Мақомоти низомии украинӣ тасдиқ карданд, ки ба хотири ба ҳам задани нирӯҳои русиву захираҳои онҳо як пули стратегӣ дар ҷануби Украинаро мушакборон ва ҳам иддао карданд, ки дар ҳама самтҳо ба пешравӣ даст меёбанд ва ҳоло ба хотири ба даст овардани назорат ба вилояти Херсон муқовимати азими навро ба роҳ мондаанд.

Ҷудоиталабони мавриди ҳимояти Маскав рӯзи 27 июл иддао карданд, ки бо ёрии аъзои гурӯҳи Вагнер, ки ба Кремлин рабт дода мешавад, дар шаҳри Свитлодарск як истгоҳи барқии бо ангишт амалкунандаро таҳти назорати худ дароварданд. Дар хати шарқии ҷанг – қаламрави Донетск ҷангҳои шадиде идома доранд. Украиниҳои гуфтанд, ки русҳо шаҳри Бахмут ва дигар нуқотро ҳадаф қарор додаанд.

Мақомоти ҳарду кишвар рӯзи 26 июл тасдиқ карданд, ки шабонгоҳ пули Антонивский, ки дар ҳудуди вилояти Херсон аз болои рӯди Днепр гузашта, Украинаро бо нимҷазираи аз ҷониби русҳо ишғолшудаи Қрим мепайвандад, бо кӯмаки силоҳҳои тавассути ёриҳои ғарбиҳо ба Киев додашуда ҳадаф қарор дода шуд. Антонивский яке аз се пули азими стратегист, ки бо ҳадафи зарба задан ба таъминоту ҳаракати русҳо хароб карда мешавад.

XS
SM
MD
LG