Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иддаои ишғоли истгоҳи барқӣ дар Украина


27-уми июл, шаҳри Торетски минтақаи Донетски Украина баъди мушакборони русҳо
27-уми июл, шаҳри Торетски минтақаи Донетски Украина баъди мушакборони русҳо

Ҷудоиталабони мавриди ҳимояти Маскав иддао карданд, ки дар шаҳри Свитлодарски минтақаи шарқии Донетски Украина дуюмин истгоҳи азими барқиро, ки бо ангишт кор мекунад, таҳти назорати худ дароварданд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 26-уми июл нирӯҳои русӣ биноҳои хусусиву иморатҳои соҳилиро дар минтақаҳои ҷанубии воқеъ дар соҳилҳои Баҳри Сиёҳ – Одессаву Миколаев мушакборон карданд. Дар ҳоле, ки матбуоти ҷудоиталабони рус акси зархаридони гурӯҳи Вагнерро дар назди маъмурияти истгоҳи барқӣ нашр карданд, тасдиқи иддаоҳои Русия тавассути манобеи мустақил имкон надорад.

Дар бюллетени рӯзи 27-уми июли вазорати дифои Бритониё омадааст, ки зоҳиран ба аъзои гурӯҳи Вагнер ҳуҷуми тактикӣ имконпазир шуд ва онҳо ба назди истгоҳи барқии воқеъ дар деҳаи Новолуганск наздик шуданд. Вале дар ин бюллетен иддаои таҳти назорати худ даровардани корхона тасдиқ намешавад. Дар иттилоияи бритониёиҳо гуфта шудааст, ки эҳтимолан нирӯҳои украинӣ минтақаро тарк кардаанд.

Ситоди кулли Украина дар хабарҳои шомгоҳии худ дар бораи вазъ дар истгоҳи барқӣ хабаре нашр накард. Дар ин ниҳод рӯзи 26-уми июл гуфтанд, ки нирӯҳои украинӣ ба ҳамлаҳои атрофи хати тамос бо вилоятҳои Донетску Харков муқовимат нишон доданд.

XS
SM
MD
LG