Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониё: дар соҳилҳои Одесса ҳеҷ нишонае аз киштиҳои ҳарбӣ дида нашуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бритониё рӯзи 26 июл гуфт, рӯзҳои истироҳати гузашта дар соҳилҳои баҳри Сиёҳи шаҳри Одесса, ки мавриди мушакборони русҳо қарор гирифт, “ҳеҷ нишонае” аз киштиҳои низомии украинӣ дида нашуд. Ин изҳорот мухолиф бо иддаои Кремлин аст, ки гуфт, рӯзи 23 июл киштиву муассисаҳои низомии украиниро ҳадаф қарор дода буд.

Ин ҳамлаҳо дар ҳоле сурат гирифт, ки як рӯз пешаш дар шаҳри Истамбул миёни Русия, Украина, СММ ва Туркия созишномаи содироти гандуми Украина имзо шуд ва умедвориҳоеро дар заминаи коҳиши бӯҳрони ҷаҳонии ғизо ба миён овард. Украина содиркунанаи азимтарини гандум, донагӣ, равғани растанӣ дар ҷаҳон аст, вале дар паи шурӯи ҷанги бедалели Русия алайҳи Украина ва масдуд кардани соҳилҳои он имкони ба берун бурдани маҳсулоти ин кишвар имконнопазир шуд.

Дар изҳороти рӯзи 24-уми июлаш сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова эътироф кард, ки соҳилҳои Одесса мушакборон шуд, вале ӯ иддао кард, ки дар ин ҳамлаҳо гӯё “муассисаҳои низомӣ” ва “киштии назоратии” нирӯҳои баҳрии Украина ҳадаф қарор гирифтанд. Дар бюллетени хабарии рӯзи 26-уми июлаш вазорати дифои Бритониё гуфт, ки “ҳеҷ аломати ин ки дар он макон чунин ҳадафҳо қарор доштанд, вуҷуд надорад”. Дар натиҷаи ин ҳамлаҳо рӯзи 25 июл нархи гандум якбора боло рафт, ҳарчанд Кремлин иддао кард, ки ин ҳодиса ба содирони гандум ҳеҷ таъсире нахоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG