Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Робот ангушти шоҳмотбози 7-соларо шикаст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар мусобиқаи бози шоҳмот дар Маскав, ки ҳафтаи гузашта баргузор шуд, роботи шоҳмотбозе зоҳиран аз ҳаракати босуръати рақиби 7-солааш асабонӣ шуда, ангушти ӯро шикаст.

Дар ин бора рӯзи 24-уми июл хабаргузориҳо иттилоъ доданд.

Сергей Лазарев, президенти Федератсияи шоҳмоти Маскав, ин ҳодисаро дар сӯҳбат бо ТАСС тасдиқ кард ва гуфт, воқеан, робот ангушти кӯдакро шикаст.

Дар наворе, ки тавассути Телеграм нашр шуд, дида мешавад, робот як мӯҳраи шатранҷро аз рӯи миз мебардорад. Ҳамин лаҳза писар ҳам ҳаракат мекунад, вале робот бо дастони механикиаш ангушти кӯдакро ба рӯи тахтаи шоҳмот пахш мекунад.

Чанд шахси калонсол ба мадади кӯдак шитофта, ангушташро аз зери дасти робот раҳо мекунанд.

Сергей Смагин, устоди калони шоҳмот, гуфт, мушкил дар он буд, ки кӯдак пеш аз ба анҷом расидани иқдоми робот ҳаракат кард.

Ба иттилои хабаргузориҳо, дар бозие, ки 19-уми июл барпо шуд, робот якбора бо се рақиб бозӣ мекард. Лазарев гуфт, пас аз ин кӯдак бозиро бо дасти баста идома дод. Ба гуфтаи ӯ, робот барои ширкат дар ин бозӣ ба иҷора гирифта шуд ва дар гузашта ҳеч гоҳ чунин ҳодисае рӯй надодааст.

XS
SM
MD
LG