Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров гуфт, Русия уҳдадорияшро барои содироти гандум "иҷро мекунад"


Сергей Лавров ва Сомеҳ Шукрӣ, вазирони корҳои хориҷии Русия ва Миср
Сергей Лавров ва Сомеҳ Шукрӣ, вазирони корҳои хориҷии Русия ва Миср

Дар пайи созиш бо Украина дар масъалаи содироти гандум, вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба раҳбарияти Миср ваъда дод, ки Маскав ба содироти гандум мусоидат хоҳад кард.

Лавров дар мулоқоти рӯзи 24-уми июл бо вазири корҳои хориҷии Миср Сомеҳ Шукрӣ гуфтааст, “Русия ҳама ӯҳдадориҳояшро дар заминаи содироти гандум ба иҷро мерасонад”.

Ӯ дар нишасти хабарӣ гуфт, бо Шукрӣ “чаҳорчӯби мушаххаси ҳамкориро” дар бахши содироти гандум баррасӣ карданд ва вазоратҳои дахлдор дар ин замина бо ҳам дар тамос хоҳанд буд.

Миср аввалин кишварест, ки Сергей Лавров дар доираи сафараш ба Африқо дидан мекунад ва қарор аст баъди ин ба Эфиопия, Уганда ва Ҷумҳурии Демократии Конго биравад.

Ҳадафи сафар аз байн бурдани нигарониҳо аз камбуди захираҳои гандум баъди шурӯи ҷанги беасоси Русия алайҳи Украина дар моҳи феврали имсол мебошад.

Русия ва Украина рӯзи 22-юми июл ба мувофиқа расиданд, ки ба хотири роҳ надодан ба буҳрони ғизо ва коҳиши таваррум дар ҷаҳон ба содироти гандуми украинӣ иҷоза дода шавад.

XS
SM
MD
LG