Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафир: Амрико ба Украина "ҳар қадар зарур аст", ёрӣ мекунад


Бриҷит Бринк, сафири Амрико дар Украина
Бриҷит Бринк, сафири Амрико дар Украина

Сафири Иёлоти Муттаҳида дар Украина гуфт, Амрико "ҳар қадар зарур бошад", бо суръат бахшидани пешниҳоди ёриҳои низомӣ ба Украина дар ҷанг алайҳи нерӯҳои ишғолгари Русия мадад хоҳад кард.

Бриҷит Бринк, сафири Амрико дар Киев, дар сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши украинии радиои Озодӣ гуфт, "хеле ифтихор дорад", ки ИМА “азимтарин таъминкунандаи ёриҳои амниятӣ ба Украина” мебошад.

Ӯ гуфт, ин ёриҳо “тӯпхонаҳои дурпарвоз, силоҳҳои зиддиҳавоии дифоӣ, дифои соҳилӣ, муҳимоти зиёд ва бисёр чизи дигарро дар бар мегиранд”.

Суҳбатҳои Бринк дар ҳолест, ки Кохи Сафед рӯзи 22-юми июл гуфт, Амрико ба маблағи 270 миллион доллар кумакҳои дигари амниятиро ба Украина ирсол мекунад ва ин ёриҳо, аз ҷумла, системаҳои миёнапарвози мушакиву дронҳои тактикиро дар бар мегиранд.

XS
SM
MD
LG