Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони вазъи фавқулода дар робита ба "сурхакони маймун"


Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (WHO) рӯзи 23-юми июл дар пайванд ба бемории сурхакон ё обилаи маймун "вазъияти фавқулодаи байнулмилалӣ" эълон кард.

Ин тасмим метавонад, тавваҷуҳ ва сармоягузории ҷаҳониро барои мубориза бо ин беморӣ, ки замоне нодир буд, вале ҳоло сафи гирифторонаш дар гӯшаҳои дунё дар ҳоли афзудан аст, ҷалб кунад.

Тедрос Аданом Гебрейесус, мудири Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, дар паёме дар Твиттер гуфт, "паҳншавии сурхакони маймун як вазъияти фавқулода ва боиси нигаронӣ дар сатҳи байнулмилалӣ аст."

Бемории сурхакони маймун даҳҳо сол боз дар Африқо вуҷуд дошт, аммо аз моҳи майи имсол ба ин сӯ ба суръат дар саросари ҷаҳон густариш ёфт. То кунун ҳазорҳо нафар дар беш аз 70 кишвар ба он мубтало шудаанд.

Нишонаҳои сурхакони маймун таби баланду дарди сар, ларза ва обилаҳои рӯйи пӯсти бадан ва дохили даҳон будааст.

XS
SM
MD
LG