Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон гуфт, ба Қазоқистон оби иловагӣ намедиҳад


Обанбори Тоқтагул
Обанбори Тоқтагул

Вазири кишоварзии Қирғизистон Аскарбек Ҷонибеков дар суҳбат ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабарҳоро дар бораи додани об ба Қазоқистон шарҳ дод.

Вай гуфт, ба Қазоқистон дар ҳаҷме об дода мешавад, ки қаблан дар ин бора созиш ҳосил шуда буд.

Муовини сардори Хадамоти оби Қирғизистон Абдибай Жайлообоев изҳор дошт, ки Бишкек ӯҳдадориҳои худро дар асоси созишномаи табодули мол иҷро мекунад, аммо ба кишвари ҳамсоя барои обёрӣ оби иловагӣ намедиҳад.

"Вазорати энергетикаи Қирғизистон соли гузашта ба далели нарасидани об дар обанбори Тоқтагул бо Қазоқистон дар мавриди ҷудо кардани 900 миллион кВт/соат нерӯи барқ шартнома баста буд ва мо онро дар 3 сол бояд баргардонем. Ҳар сол 300-миллионӣ аст. Барои истеҳсоли 300 миллион киловатт-соат қувваи барқ аз обанбор бояд 330 миллион метри мукааб об резад", - изҳор доштааст Жайлообоев.

Қаблан расонаҳои Қазоқистон хабар дода буданд, ки Қирғизистон барои обёрии киштзорҳои ин кишвар 330 миллион метри мукааб об ҷудо кардааст.

XS
SM
MD
LG