Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби Human Rights Watch аз Украина ва Русия


Созмони Дидбони Ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch Русия ва Украинро аз ҷобаҷо кардани пойгоҳҳои низомӣ дар минтақаҳои аҳолинишин ҳангоми набардҳо ҳушдор дод.

Ин гурӯҳи ҳуқуқи башар, қароргоҳаш дар Ню-Йорк, рӯзи 21-уми июл эълон кард, ки ҳар ду тараф дар ҷанги Украина бо ҷобаҷо кардани нерӯҳои худ дар минтақаҳои пураҳолӣ сокинонро дар рӯбарӯи хатар қарор додаанд.

Ҳоло он ки бар асоси қонунҳои башардӯстонаи байнулмилалӣ, тарафҳои даргир вазифадоранд, аз чораҳои эҳтиётии даркорӣ барои муҳофизат аз ғайринизомиён кор бигиранд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар чор мавриди чунин ҳолатро аз сӯи нерӯҳои русӣ се мавридро аз тарафи нерӯҳои украинӣ сабт кардааст.

Белкис Вайле, як масъули созмон гуфтааст, "дар ҳоле ки ҷанг дар Украина идома дорад, аҳолии осоишта ғайризарурӣ дар ҷанг фаро гирифта шудаанд."

"Русия ва Украина бояд аз ҷобаҷо кардани нерӯҳои худ дар байни ғайринизомиён худдорӣ кунанд ва ҳама талоши худро барои берун бурдани ғайринизомиён аз маҳалли набардҳо анҷом диҳанд," -- афзуд ӯ.

XS
SM
MD
LG