Дар Теҳрон як занро барои баҳс дар бораи пӯшидани ҳиҷоб дар дохили автобус, ки навораш ба Интернет роҳ ёфт, дастгир кардаанд.
Ин зан Сапеда Рашно, нависанда ва ҳунарманди 28-сола, муаррифӣ мешавад.
Дар видео ӯ бе ҳиҷоби ҳатмӣ тасвир ёфтааст ва зане таҳдид мекунад, ки наворро ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ хоҳад фиристод.
Ораш Содиқӣ, як фаъоли шаҳрвандӣ ва маҳбуси собиқи сиёсӣ, рӯзи 18-уми июл дар Твиттер хабарро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, хонум Рашно ду рӯз пеш боздошт шуд.
Хабаргузории “Форс”, вобаста ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, низ навиштааст, як зане, ки алайҳи ҳиҷоби ҳатмӣ эътироз мекард, боздошт шудааст.