Шаҳри Одесса ҳадафи ҳамлаи мушакии Русия қарор гирифт. Дар ҳамин ҳол, президент Владимир Зеленский гуфт, бо мадади силоҳҳои пешрафтаи ғарбӣ, ки оҳиста-оҳиста тавозунро дар майдони ҷанг дигар мекунад, Украина қодир аст "талафоти қобили таваҷҷуҳе" ба нерӯҳои русӣ ворид кунад.
Зеленский гуфт, нерӯҳои украинӣ "тавонистаанд, зиёни логистикии қобили таваҷҷуҳе ба ишғолгарон расонанд", ки ҳифзи мавзеъҳои артиши Русия дар минтақаҳои зери тасарруфашонро душвор мекунад.
"Мо қадам ба қадам пешравӣ мекунем", -- афзуд Зеленский. Вай илова кард, ки "ҳадаф як мебошад ва он барафроштани парчами Украина дар ҳама шаҳрҳо ва деҳаҳо хоҳад буд".
Сергей Ҳайдай, раиси идораи низомии минтақаи Луганск, рӯзи 19-уми июл гуфт, "силоҳҳои ғарбӣ на 100 дарсад, балки 200 дарсад кор медиҳанд, зеро анборҳои Русия метарканд, постгоҳҳои низомӣ мунфаҷир мешаванд".
Вазорати дифои Бритониё рӯзи 19-уми июл дар хабарномаи рӯзонаи худ гуфт, ҳадафи фаврии эълоншудаи Русия тасарруфи минтақаи Донбасс аст.
Бо ин ҳол, дар ин баёния омадааст, ки агарчӣ русҳо ҳамчунон мумкин аст қаламрави бештареро ишғол кунанд, суръати пешравии онҳо бисёр кунд хоҳад буд.