Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия Дмитрий Гордонро таҳти пайгард қарор дод


Дмитрий Гордон
Дмитрий Гордон

Русия рӯзноманигори украинӣ Дмитрий Гордонро таҳти пайгарди федеролӣ қарор додааст. Дар ин бора хабаргузории РИА Новостӣ бо такя ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия иттилоъ дод.

Рӯзноманигори украинӣ дар доираи як парвандаи ҷиноӣ таҳти пайгард қарор дода шудааст, вале ин парванда бар асоси кадом банд боз гаштааст, маълум нест.

Кумитаи тафтишотии Русия моҳи марти имсол зидди Гордон бар асоси се модда парвандаи ҷиноӣ боз карда буд. Ӯро дар "даъватҳои оммавӣ ба оғози ҷанг, барангехтани адовати миллӣ ва паҳн кардани маълумоти дурӯғ дар бораи амалиёти низомии неруҳои мусаллаҳи Русия" айбдор карданд.

Ин ниҳод, аз ҷумла иддао дорад, ки рӯзноманигор "дар пахши шабакаи телевизиони Украина ба ҳамлаи мусаллаҳона ба Русия ва оғози ҷанги таҷовузкорона алайҳи он бо истифода аз силоҳи ҳастаӣ даъват кардааст."

Дмитрий Гордон рӯзноманигор, барандаи барномаи "Визити Дмитрий Гордон" ва сардабири сомонаи интернетии "Гордон" аст. Ӯ муаллифи мусоҳибаҳои сершумор бо сиёсатмадорон, фарҳангиён ва варзишагрон мебошад.

XS
SM
MD
LG