Дар натиҷаи як тирпаронӣ дар маркази савдои "Greenwood Park"-и шаҳри Гринвуди иёлати Индианаи Амрико чаҳор нафар кушта шудааст.
Дар ин бора телевизиони "BNO News" бо истинод ба пулиси маҳаллӣ иттилоъ додааст. Хабаргузории "Associated Press" навишта, ки марди ҳамлагарро як сокини мусаллаҳи маҳаллӣ парондааст.
Сардори пулиси Гринвуд Ҷим Исон гуфтааст, ҳамлагар ба маркази савдо ворид шуда, ба самти муштариён оташ кушодааст. Шоҳидон гуфтаанд, ки дасти кам садои 30 тирро шуниданд.
Яке аз кушташудаҳо худи ҳамлагар буда, дар ҳоли ҳозир шахсияти он номаълум мебошад. Ду тани дигар низ захмӣ ва ба беморхона интиқол дода шуданд.