Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Чингизи бузург"-ро дар Қирғизистон дастгир кардаанд


Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, Чингиз Ҷумъагулов, яке аз ҷинояткорони бонуфуз дар кишварро, ки ба ғорати тоҷирон машғул буд, дастгир кардаанд. Чингиз Ҷумъагулов бо яке аз ҷинояткорони бонуфузи дигар иртибот доштааст, ки Амрико барои боздошти ӯ 1 миллион доллар подош таъйин кардааст.

Кумитаи Амнияти Миллии Қирғизистон рӯзи 15-уми июл гуфт, Чингиз Ҷумъагулов, ки бо лақаби “Чингизи бузург” маъруф аст ба “таъсиси гуруҳи ҷиноӣ ва ғорати пайвастаи пули зиёд аз соҳибкорон” муттаҳам мешавад. Ҳафтаи гузашта гузориш шуд, ки Ҷумъагулов дар як тирандозӣ дар ҳошияи шаҳри Бишкек ҳузур доштааст. Ҷинояткори бонуфузи 41-сола, бо гуруҳи дигари бузургтари ҷиноӣ таҳти раҳбарии Қамчӣ Колбаев иртибот доштааст.

Колбаевро моҳи марти соли 2020 бо иттиҳоми ташкили созмони муташаккили ҷиноӣ дастгир карданд, вале моҳи октябри соли 2020 ғайриинтизор раҳо шуд. Сафорати Амрико дар Бишкек бо изҳори нигаронӣ аз ин кор гуфт, ки Қамчӣ Колбаев як ҷинояткори байналмилалӣ аст, ки ба қочоқи маводи мухаддиру аслиҳа ва қочоқи инсону дигар ҷиноятҳои хатарнок машғул мебошад.

Вазорати умури хориҷии Амрико соли 2014 барои маълумот дар бораи механизмҳои муомилотии Колбаев ва роҳҳои барҳам задани онҳо 1 миллион доллар подош таъйин кардааст.

XS
SM
MD
LG