Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пиёзу орд гарон, сабзиву лубиё арзон шудааст


Ҷамъоварии пиёз дар Ҳисор. Акс аз соли 2020
Ҷамъоварии пиёз дар Ҳисор. Акс аз соли 2020

Муқоисаи нархҳо дар Тоҷикистон аз тарафи як муассисаи Созмони Милал нишон додааст, ки арзиши се навъи маводи ғизоӣ дар кишвар имсол назар ба соли гузашта фавқулода боло рафтааст.

Аз ҷумла, нархи пиёз, ки ғизои тоҷиконро бе он тасаввур кардан сахт аст, бештар аз 192 дар сад ва қимати орд тақрибан 50 дар сад боло рафтааст.

Барномаи озуқавории Созмони Милал, ки нархи маҳсулотро дар бозорҳоро мушоҳида мекунад, бо нашри хабарномаи тозаи худ гуфт, ҳоло арзиши қимати сабзӣ дар муқоиса ба соли 2021 тақрибан 65 дар сад ва лубиёи сафед 5 дар сад арзонтар аст.

Дар хабарнома омадааст, ки нархи орд дар ҳафтаи гузашта дар муқоиса ба ҳафтаҳои пешин дар 6 бозори Тоҷикистон аз 1 то 3 дар поинтар омада, дар Хоруғ андаке боло рафтааст.

Шакар ҳам дар 8 бозори Тоҷикистон аз 4 то 18 дар сад арзонтар шудааст.

XS
SM
MD
LG