Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина робитаи дипломатиро бо Кореяи Шимолӣ бурид


Бинои Вазорати корҳои хориҷии Украина.

Вазорати корҳои хориҷии Украина хабар дод, ки бо Кореяи Шимолӣ муносибатҳои дипломатиро барҳам додааст. Кореяи Шимолӣ ахиран минтақаҳои ҷудоиталаби Донетск ва Лугански Украинаро ҳамчун кишварҳои мустақил эътироф кард.

"Ин тасмим ҳамчун барҳамзании ягонагӣ ва тамомияти арзии Украина аз ҷониби Кореяи Шимолӣ аст. Онро поймол кардани Конститутсияи Украина, Оинномаи Созмони Милал ва меъёрҳои асосӣ ва усулҳои ҳуқуқи байналхалқӣ медонем," -- омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Украина.

Вазорати корҳои хориҷии Украина мегӯяд, бо Кореяи Шимолӣ ба далели эълон шудани таҳримҳои байнулмилалӣ нисбати ин кишвар, ҳеч муносибати сиёсӣ ва иқтисодӣ мавҷуд набуд.

"Русия дар дунё дигар ҳампаймон надорад, ба ҷуз аз кишварҳое, ки аз ҷиҳати молӣ ва сиёсӣ аз он вобаста ҳастанд. Сатҳи ба инзиво расидани Русия ба зудӣ ба сатҳи инзивои Кореяи Шимолӣ баробар мешавад", - гуфт Дмитрий Кулеба, вазири корҳои хориҷии Украина.

Дар бораи эътироф шудани ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луганск аз сӯи Кореяи Шимолӣ нахуст Донетс ва баъдтар хабаргузориҳои давлатии Русия иттилоъ доданд. Ин хабарро дар сафорати Кореяи Шимолӣ тасдиқ карданд.

Кореяи Шимолӣ, ки яке аз пӯшидатарин ва ноозодтарин кишварҳои дунё унвон мешавад, баъд аз Русияву Сурия севумин кишвари узви СММ аст, ки ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луганскро эътироф мекунад.

XS
SM
MD
LG