Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бародари раиси пешини Кумитаи амнияти Қазоқистонро дастгир кардаанд


Нурлан Масимов пас аз боздошт.
Нурлан Масимов пас аз боздошт.

Нурлан Масимов, сардори пешини департаменти пулиси вилояти Павлодари Қазоқистон ва бародари раиси пешини Кумитаи давлатии амнияти он кишвар Карим Масимовро боздошт карданд. Дар ин бора хадамоти зиддифасоди Қазоқистон рӯзи 13-уми июл хабар дод.

Нурлан Масимов дар марзи Қазоқистон бо Русия боздошт шудааст.

Вай дар моҳи январ аз мақом барканор ва аз моҳи апрел дар пайгард қарор дошт. Хадамоти зиддифасоди Қазоқистон мегӯяд, Масимов "дар гирифтани пора дар ҳаҷми калон" гумонбар мешавад.

Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон шоми 13-уми июл хабар дод, ки Нурлан Масимов мехост, марзро ғайриқонунӣ гузарад.

XS
SM
MD
LG