Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркия масъалаи содироти гандуми Украинаро баҳс мекунанд


Ҳайатҳои низомии Туркия, Русия ва Украина, инчунин, намояндагони Созмони Милал рӯзи 13-уми июл дар шаҳри Истанбул мулоқот ва масъалаи содироти гандуми Украинаро бо роҳи баҳрӣ муҳокима мекунанд.

Дар ин бора вазири мудофиаи Туркия Хулуси Акар рӯзи 12-уми июл хабар дод. Олег Николенко, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Украина, гуфт, кишвараш ҷонибдори он аст, ки роҳи ҳал бо миёнаравии СММ пайдо шавад.

Ба иттилои вазири мудофиаи Туркия, мақомоти низомии ин кишвар пештар ба Маскав ва Киев сафар карда буданд, ки "мулоқот натиҷаи мусбат додаанд".

Ахиран масъалаи содироти гандуми Украинаро президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон бо президенти Русия ва Украина дар алоҳидагӣ, тариқи телефон, муҳокима кард.

Бандарҳои Украина дар баҳри Сиёҳ аз 24-уми феврали имсол, замони ҳамлаи Русия ба Украина, аз фаъолият боз мондаанд.

Ба иттилои расонаҳо, бештар аз 130 киштии пур аз гандуми Украина мунтазири ҳаракат ҳастанд.

XS
SM
MD
LG