Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пажуҳиш: Русия гандуми рабудаашро аз Украина тавассути Қрим мебарад


Севастопол
Севастопол

Русия маҳсулоти рабудаашро аз Украина ба Қрими ишғолӣ интиқол дода, аз он ҷо ба Туркия, Миср ва Сурия мерасонад. Пажуҳишгарони барномаи "Схема"-и Радиои Озодӣ, Би-би-сӣ ва Reuters ба чунин хулоса расидаанд.

Мақомоти Украина мегӯянд, Русия аз қаламравҳои ғасбкардааш камаш 400 ҳазор тонна гандумро ғорат кардааст.

Рӯзноманигорон мушоҳида кардаанд, ки имсол аз Қрим нисбат ба солҳои пешин миқдори зиёдтари гандум содирот мешавад.

Ин миқдор гандум дар Қрим ҳосил намешавад ва имкон надорад, тавассути пули сохтаи Русия ба Қрим интиқол дода шуда бошад.

Рӯзноманигорон мегӯянд, гандумро тавассути мошинҳои боркаш аз қаламравҳои ғасбшудаи Украина ба Қрим мебаранд. Аз Қрим гандум тавассути киштиҳо ба Туркияву Мисру Сурия интиқол мешавад.

XS
SM
MD
LG