Русия аз 11-уми июл интиқоли газро ба Олмон тавассути лӯлаи "Ҷараёни шимол" қатъ кард.
Дар ин бора аз қабл эълом шуда буд. Ширкати Nord Stream AG, масъули лӯла мегӯяд, қатъи интиқоли газ ба хотири поккорӣ ва таъмири нуқсҳо аст, ки то 21-уми июл давом хоҳад кард.
Дар Олмон ва кишварҳои дигари Иттиҳоди Аврупо нигаронанд, ки дар пайи рӯёрӯии вобаста ба ҷанги Русия бо Украина, интиқоли газ тавассути лӯлаи "Ҷараёни шимол", мумкин аст, дубора сурат нагирад. Дар ин сурат Аврупо ба буҳрони энержӣ гирифтор хоҳад шуд.
Интиқоли газ тавассути лӯлаи мазкур ҳамасола барои чанд рӯз қатъ мешуд. Имсол нигаронии Иттиҳоди Аврупо аз он аст, ки то замони қатъшавии газ Русия ҳаҷми интиқолро тавассути "Ҷараёни шимол" кам карда буд.
Русия гуфт, ҳаҷми интиқоли газ ба хотири он кам шуд, ки Канада нисбати Русия таҳрим ҷорӣ кард ва турбинаҳои ширкати Siemens, ки мебоист ба Русия интиқол дода шаванд, дар нимароҳ банд монданд.
Ҳамчунин "Ростехнадзор" дар пойгоҳҳои лӯлаи мазкур нуқсҳоеро ошкор кардааст. Дар Берлин ин тасмими Русияро сиёсӣ номиданд. "Имрӯз мо маҷбурем, ки бигӯем: Русия энержиро ҳамчун силоҳ истифода мекунад", - гуфт Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон рӯзи 6-уми июл.
Дар ҳамин ҳол, Олмон бо Канада вориди гуфтугӯ шуда, аз он кишвар хостааст, ки турбинаҳоро ба Русия фиристад. Канада розӣ шудааст, ки турбинаҳои марбут ба ширкати "Газпром"-и Русияро тавассути Олмон интиқол диҳад.
Таҳлилгарон мегӯянд, эҳтимол Русия баъд аз 21 июл интиқоли газро тавассути "Ҷараёни шимол" ба роҳ намонад. Владимир Путин, президенти Русия, ба бовари таҳлилгарон, барои расидан ба ҳадафҳои низомиаш дар Украина омода аст, чунин тасмиме бигирад ва Олмонро ба буҳрони амиқи иқтисодиву сиёсӣ бикашад.