Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо парванда барои зӯроварӣ ба кӯдакон дар Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар чаҳор соли гузашта ва се моҳи имсол барои зӯроварӣ ба кӯдакону ноболиғон ба зидди 63 кас парвандаи ҷиноӣ боз карда, гунаҳкоронро ҷазо додаанд.

Дар омори тозаи Вазорати адлия, ки Радиои Озодӣ онро дид, омадааст, дар ин муддат 41 парванда ба зидди волидони зӯргӯ ва 22 парванда ба зидди омӯзгорон боз шудааст.

Дар ҳамин давра, яъне аз соли 2018 то се моҳи гузаштаи соли 2022, мақомоти интизомии Тоҷикистон бештар аз 500 мавриди таҳсили ғайриқонунии динии кӯдаконро ошкор карда, гунаҳкоронро ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидаанд.

Дар Тоҷикистон озор додани кӯдакон ва бе иҷозаи мақомот ба онҳо таълим додани дину мазҳаб манъ аст.

XS
SM
MD
LG