Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Украина силоҳи қавитар аз силоҳи Русия доданд


Акси HIMARS
Акси HIMARS

Ҷо Байден, президенти Амрико, бастаи нави кумаки низомӣ ба Украинаро дар ҳаҷми 400 миллион доллар имзо кард.

Ба навиштаи хабаргузории Рейтерз, ин кумак чор низоми мушакии HIMARS ва дигар лавозимоти ҷангиро дар бар мегирад.

Намояндагони Пентагон, Вазорати мудофиаи ИМА гуфтаанд, Украина соҳиби 12 низоми мушакии HIMARS хоҳад шуд.

ИМА пас аз онки Украина ваъда дод, ки ин гуна силоҳро барои ҳадаф қарор додан берун аз хокаш истифода намекунад, ба ин кишвар низомҳои мушакии HIMARS тақдим кард.

HIMARS, аз қавитарин мушакпарокан аст, ки то 80 километр зарба мезанад ва ин қавитар аз силоҳи Русия аст.

Нахустин HIMARS-ро Украина рӯзи 23-уми июн дарёфт кард. Мақомоти украинӣ мегӯянд, бо HIMARS ба русҳо зарбаҳои сахт задаанд.

XS
SM
MD
LG