Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазири собиқи Ҷопон баъди тирпарронӣ дар бемористон ҷон бохт


Шинзо Абэ баъд аз тирпарронӣ
Шинзо Абэ баъд аз тирпарронӣ

Шинзо Абэ, сарвазири собиқи Ҷопон, ки ба сӯяш тир парронда буданд, аз захмҳои бардоштааш дар бемористон даргузашт.

Ба ӯ рӯзи 8-уми июл, ҳангоми суханронияш дар як маъракаи интихоботӣ дар минтақаи Нара, ҳамла карданд.

Як манбаи огоҳ аз Ҳизби ҳокими либерал-демократӣ, ки Абэ низ аз раҳбаронаш буд, ба расонаҳои Ҷопон гуфтааст, ӯ аз гарданаш осеб дид.

Хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс" навишт, ӯ ҳангоми афтодан ба замин даст бар синааш гузошт ва дар ҳамон ҳол либосҳояш пур аз хун шуданд.

Масъулони бемористон гуфтаанд, Абэ хуни зиёдеро аз даст дод ва пизишкон натавонистанд, ӯро наҷот бидиҳанд.

Маъмурони пулис як марди 41-соларо ба гумони тирпарронӣ ба Шинзо Абэ дастгир кардаанд. Телевизиони Ҷопон аз қавли гумонбар гуфтааст, аз фаъолиятҳои Абэ норозӣ буд.

Шинзо Абэ ҳашт сол, аз 2012 то 2020, сарвазири Ҷопон буд.

Ҷопон аз амнтарин кишварҳои ҷаҳон аст ва дар масъалаи доштани аслиҳа қонунҳои сахтеро ҷорӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG