Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: Русия ҷангро дар Украина ҳанӯз ҷиддӣ оғоз накардааст


Владимир Путин
Владимир Путин

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи панҷшанбе гуфт, кишвараш дар ҷараёни "амалиёти махсус" дар Украина то ҳол даст ба иқдоми ҷиддие назадааст.

"Мо имрӯз мешунавем, ки онҳо мехоҳанд, моро дар майдони набард мағлуб кунанд. Чӣ мегӯӣ, бигзор кӯшиш кунанд. Борҳо шунидаем, ки Ғарб мехоҳад бо мо то охирин украинӣ биҷангад. Ин фоҷиа барои мардуми Украина аст, аммо чунин ба назар мерасад, ки ҳама чиз ба ҳамин самт меравад," -- гуфт Путин дар мулоқот бо раҳбарони ҷиноҳҳои Думаи давлатии Русия.

Путин афзудааст, "ҳама бояд фаҳманд, ки Русия ҳанӯз амалеро ҷиддӣ оғоз накардааст".

Ба гуфтаи ӯ, Маскав аз музокироти сулҳ даст намекашад. "Аммо онҳое, ки рад мекунанд, бояд донанд, ҳар қадаре гуфтушунид бо мо дур шавад, барои онҳо ҳамон қадар мушкилтар мешавад," - афзудааст вай.

Путин ҳамчунин гуфтааст, ташаббускорони таҳримҳо алайҳи Русия ба ҳадафҳои худ нарасидаанд.

Кишварҳои ғарбӣ ҳамлаи Русияро ба Украина, ки рӯзи 24-уми феврал оғоз ёфт, ҳамлаи беасос номида ва ба зидди ин Маскав таҳримоти зиёди иқтисодӣ ҷорӣ карданд.

Чанде пеш сарони 7 кишвари пешрафтаи саноатии ҷаҳон бо номи "Гуруҳи 7", ҳамлаи Русияро ба Украина “ғайриқонунӣ ва бедалел” номиданд. Ҳоло бисёре аз бонкҳои Русия, корхонаҳои саноатӣ ва ширкатҳои бузургу сарватмандони рус ва худи Владимир Путин таҳти таҳримоти кишварҳои ғарбӣ қарор доранд.

XS
SM
MD
LG