Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Ҳамлаи Русия ба Украина 71 миллион касро дар ҷаҳон фақир кард


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як идораи вобаста ба Созмони Милал мегӯяд, афзоиши нархи хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ аз охири моҳи феврали имсол, аз замони ҳамлаи Русия ба Украина, беш аз 71 миллион касро дар саросари ҷаҳон ба фақр дучор кардааст.

Дар гузориши Барномаи рушди СММ, ки 7-уми июл нашр шуд, инчунин, аз хатари нооромиҳои иҷтимоӣ дар баъзе гӯшаҳои ҷаҳон, бинобар нобасомониҳои иқтисодӣ, ҳушдор дода шудааст.

Ачим Штейнер, як масъули ин ниҳод, гуфт, таҳлилҳо дар 159 кишвари дар ҳоли рушд нишон дод, ки афзоиши нархи колоҳо имсол бахшҳое аз Африқо, Балкан, Осиё ва ҷойҳои дигарро зери таъсир гузошт.

Вай дар баёнияе, ки ҳамзамон бо ин гузориш нашр шуд, гуфт, "ин буҳрон ба суръат зиндагии миллионҳо нафарро ба фақр ва ҳатто гуруснагӣ кашондааст. Бо он, таҳдиди афзоиши нооромиҳои иҷтимоӣ рӯз ба рӯз бештар мешавад."

Украина яке аз истеҳсолкунанда ва содиркунандаҳои асосии ғалладона дар дунё ба шумор меравад ва киштиҳои борбари он дар гаштугузор ба тарафи Ховари Миёна ва Африқо ба мушкил рӯбарӯ ҳастанд.

Қисмати украинии Баҳри Сиёҳ дар ҳоли ҳозир аз тарафи нерӯҳои русӣ дар муҳосира қарор дорад ва ин амр миллионҳо нафарро дар саросари ҷаҳон ба гуруснагӣ рӯбарӯ кардааст.

Русия ва Украина тақрибан аз чаҳор як ҳиссаи гандуми ҷаҳон ва беш аз ними равғани офтобпарарасти ҷаҳонро содирот мекунанд.

Нархи сӯзишворӣ низ дар ин марҳила афзудааст. Русия бузургтарин содиркунандаи гази табиӣ ва дувумин содиркунандаи бузурги нафти хом дар ҷаҳон аст.

XS
SM
MD
LG