Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ ва Амрико таҳқиқи одилонаи рӯйдодҳои Қарақалпоқистонро хостанд


Нуқус, маркази Қароқалпоқистон
Нуқус, маркази Қароқалпоқистон

Мишел Бачелет, комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милал ва мақомоти Амрико хоҳони таҳқиқи мустақилонаи ҳалокати камаш 18 нафар дар эътирозҳо дар Ҷумҳурии мухтори Қарақалпоқистони Узбекистон шуданд.

Бачелет рӯзи 5-уми июл дар баёнияе гуфт: "Гузоришҳое, ки дар бораи хушунатҳои ҷиддӣ дар ҷараёни тазоҳурот, аз ҷумла куштор, ба даст овардем, хеле ташвишоваранд. Аз мақомот даъват мекунам, хештандории бештар нишон диҳанд."

Вай ҳамзамон аз мақомоти Узбекистон хостааст, ҳама гуна иттиҳомҳоро дар бораи амалҳои ҷиноӣ, аз ҷумла қонуншикании маъмурони интизомӣ фавран ва ба таври шаффоф бисанҷанд.

Иёлоти Муттаҳида дар изҳороте ҷудогона аз рӯйдодҳои Қарақалпоқистон ибрози нигаронӣ карда, аз ҷонибҳо хостааст, ба "ҳалли осоиштаи" танишҳо ва худдорӣ аз идомаи хушунат бикӯшанд.

Нед Прайс, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико, рӯзи 5-уми июл гуфт, "аз мақомот мехоҳем, таҳқиқи ҳамаҷониба, боварбахш ва шаффоф анҷом диҳанд."

Мақомоти Узбекистон рӯзи 4-уми июл гуфтанд, дар нооромиҳо дар Ҷумҳурии мухтори Қарақалпоқистон 18 кас кушта ва беш аз 240 нафар захмӣ шуданд. Додситонии кулли Узбекистон дар бораи боздошти беш аз панҷсад кас хабар дод.

Эътирозҳо дар Қарақалпоқистон баъди он баргузор шуд, ки мақомоти Узбекистон рӯзи 26-уми июн тарҳи ислоҳҳоро ба Конститутсияи он кишвар ба баррасии умум гузоштанд. Бар асоси он "мустақилӣ"-и Қарақалпоқистон аз байн мерафт, аммо дертар порлумони Узбекистон тасмимро бекор кард.

Қарақалпоқистон бо тақрибан ду миллон аҳолӣ Ҷумҳурии мухтор дар ҳудуди Узбекистон аст ва чиҳил дарсади қаламрави он кишварро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG