Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз хоки Афғонистон ба Узбекистон панҷ мушак афтодааст


Тамрини низомӣ дар сарҳади Узбекистону Афғонистон. Акс аз бойгонӣ
Тамрини низомӣ дар сарҳади Узбекистону Афғонистон. Акс аз бойгонӣ

Аз хоки Афғонистон ба як минтақаи марзӣ дар Узбекистон панҷ мушак афтодааст.

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон рӯзи 5-уми июл дар баёнияе гуфт, "таркиш рӯй надод ва талафоти ҷонӣ нест".

Бар асари афтодани мушакҳо ба чаҳор хона дар маҳаллаи Маҷнунтоли Тирмиз зарар расидааст. Як мушакро аз майдони футбол ёфта, безарар гардондаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон мегӯяд, намояндагони Тошканду Кобул сабабҳои ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Дар моҳи апрели имсол дар баъзе аз сомонаву шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки шохаи "Хуросон"-и ДОИШ аз Афғонистон ба иншооти низомӣ дар вилояти Сурхондарёи Узбекистон даҳ мушак сар додааст. Сухангӯйи президенти Узбекистон хабарҳоро рад кард.

Дертар, рӯзи 7-уми майи имсол, расонаҳои Афғонистон хабар доданд, ки ҷангҷӯён аз он кишвар ба Тоҷикистон ҳафт мушак сар доданд.

Мақомоти Тоҷикистон танҳо гуфтанд, чанд тир тасодуфан расид. Ҳамзамон дар изҳороти расмии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ гуфта мешуд, ки нерӯҳои марзбонӣ “ба ҳолати омодабошии пурраи ҷангӣ гузаронида шуданд.”

XS
SM
MD
LG