Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин дар Тоҷикистон. Ба матбуот чӣ гуфтанду паси дарҳои баста чӣ гузашт?


Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин

Раҳбарони Русия ва Тоҷикистон дар суҳбати "танҳо ба танҳо" ба якдигар чӣ гуфтанд, маълум нест, аммо таҳлилгарон ин фикрро такрор мекунанд, ки Путин "бе сабаби ҷиддӣ" ба Душанбе наомад. Ба бовари аксари онҳо, мушкили вобаста ба ҷанги Украина ва таҳримҳои афзояндаи Ғарб инҷо нақши муҳим бозидаанд.

Як хабарнигори наздик ба ҳукумати Русия гуфт, баъд аз изҳороти матбуотии 28-уми июн Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин паси дарҳои баста гуфтугӯи дарозе доштанд ва сипас суҳбатро дар бӯстонсарои ҳукуматӣ идома доданд.

"Ӯ танҳо омада буд. На вазири корҳои хориҷиаш омад ва на аъзои дигари ҳукумат. Ҳатто сухангӯяш изҳорот надод. Мо ҳам нафаҳмидем, ки онҳо байни худ чиҳо гуфтанд," – гуфт ин хабарнигор рӯзи 29-уми июн ба Радиои Озодӣ.

Ба андешаи як таҳлилгари тоҷик, Путин барои баррасии масъалаҳои бисёр ҳассосу барояш муҳим шахсан ба Душанбе рафта буд.

Барои матбуот

Нуктаи асосие, ки Путин барои матбуот гуфт, ин буд, ки Русия ба масъалаи барои Тоҷикистон муҳим, яъне Афғонистон диққати хос медиҳад ва "бо ҳама нерӯҳои сиёсие, ки вазъ дар кишварро назорат мекунанд" тамос дорад. Вай ҳамзамон афзуд, зарурати ҳукумати фарогирро бо ширкати "ҳама гурӯҳҳои қавмии ҳозир дар Афғонистон" мепазирад. Ҳамзамон ишора кард, ки вазъи Афғонистон ба Эмомалӣ Раҳмон "ошкортар" аст.

Баъзе аз нозирон ба он аҳамият доданд, ки Путин ҳангоми суҳбат дар ин мавзуъ калимаи "Толибон"-ро ба забон наовард.

Нашрияи амрикоии The Washington Post менависад, "ҳарчанд Русия Толибонро як гурӯҳи террористӣ эътироф кардааст, намояндагони Толибон дар Русия ҳузур доранд ва ҳайате дар Форуми байнулмилалии иқтисодии Санкт-Петербург ҳам буданд".

"Агар ин изҳороти Путин як навъ "хушомад" ба Раҳмон дониста шавад, дар ивази он аз тарафи мизбон чизе ҳамвазн дархост шуда метавонад," -- мегӯянд коршиносон.

Дар изофа ба хурсандии ду раҳбар аз афзоиши қариб 50-дарсадии тиҷорат, Путин ба нақши муҳоҷирони тоҷик дар иқтисоди Русия арҷ гузошт, ки камтар шунида шуда, асосан ҳамчун абзори фишор зидди Душанбе истифода гаштааст. Дафтари матбуоти президенти Русия гуфт, ҷонибҳо инчунин, ба тавсеаи ҳамкориҳо дар бахши амният, аз ҷумла, дар соҳаи низомию фаннӣ, сохтмони дифоӣ, навсозии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва ғайра таваҷҷӯҳ карданд.

Путин ва вонамуд кардани вазъи оддӣ

Нашрияи бонуфузи олмони Suddeutsche Zeitung ишора кардааст, ки сафари шитобкоронаи Путини пойбанди ҷанг бо Украина ба Тоҷикистон ба далели афзоиши таваҷҷӯҳи амрикоиҳо ба ин кишвар ва минтақа сурат мегирад. Аз ҷумла, нашрия мегӯяд, сафари фармондеҳи ситоди марказии қувваҳои мусаллаҳи Амрико Майкл Курилла ба Тоҷикистон дар ду ҳафтаи пеш “Маскавро нигарон кард”. Курилла дар ин сафараш гуфта буд, эҳтимол чархболу ҳавопаймоҳоеро, ки аз Афғонистон ба Тоҷикистон омадаанд, ба ихтиёри Душанбе бидиҳанд.

Таҳлилгари рус Александр Князев ба ин нашрия гуфтааст, ин “баёнгари фаъолшавии қобили мулоҳизаи” Амрико дар Тоҷикистон аст ва барои Путин муҳим аст, ки бубинад, оё Душанбе шарики боэътимодаш мемонад ё на.

Вебсайти Bloomberg навиштааст, президент Путин мавриди истиқболи гарми кишвари худкомаи Тоҷикистон қарор гирифт ва президент Раҳмон Русияро “шарики муҳими стартегӣ ва ҳампаймони Тоҷикистон” номид. Ба навиштаи ин вебсайт, сафари Путин баёнгари он аст, ки “Русия бо тамоми нерӯяш мехоҳад, нишон диҳад, ки бо вуҷуди таҳримҳои бесобиқаи Амрикову Аврупо дар инзивои байнулмилалӣ нест”.

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов

Вале ба қавли таҳлилгари тоҷик Парвиз Муллоҷонов, вазъи Путин “чандон хуб нест”. Ӯ мегӯяд, вазъ дар ҷанг бо Украина барои Русия “бадтар шуд ва шояд ӯ мехоҳад, сиёсати худро каме дигар кунад. Аз ин рӯ, мехоҳад, аъзои Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ сиёсати ӯро дастгирӣ кунанд”.

СПАД созмони низомии зери раҳбарии Русия аст. Бар асоси оиннома, дар сурати таҳдиди террористӣ ё таҷовуз ба хоки кишвари узв, артиши аъзои СПАД метавонанд, ба ёрии он шитобанд. Ин кор дар беназмиҳои моҳи январи имсол дар Қазоқистон таҷриба шуд ва мавриди танқиди зиёд қарор гирифт.

"Барои мақомоти тоҷик боз ҳам душвортар мешавад"

Парвиз Муллоҷонов тахмин мекунад, ки эҳтимол дар пушти дарҳои баста Путин ба Раҳмон дар бораи пеш омадани зарурати ҷалби нерӯи бештар ва ё ҳадди ақал, пуштибонии сиёсии ҷангаш зидди Украина гуфтааст. Вале, ба қавли таҳлилгар, Тоҷикистон, “мисли кишварҳои дигари пасошӯравӣ намехоҳад, муносибатҳои худро бо Ғарб бад кунад. Тоҷикистон кӯшиш хоҳад кард, ки то андозае муносибаташро бо Ғарбу Русия вайрон накунад”, ҳарчанд, ба гуфтааш, "торафт ҳифзи ин мавқеъ душвортар мешавад."

Алишер Илҳомов
Алишер Илҳомов

Алишер Илҳомов, мудири созмони "Central Asia Due Diligence", ҳам тахмин мекунад, як сабаби шитобкорона ба Тоҷикистон омадани Путин ин кӯшиши "бо ҳар навъе" дарёфти пуштибонии кишварҳои узви СПАД дар ҷанг алайҳи Украина мебошад.

"Аз ҳисоби нерӯи мусаллаҳ ва захираи силоҳу муҳимот камбуд эҳсос мекунанд. Онҳо, ки дар гузашта кишварҳои узви СПАД-ро бо силоҳу муҳимоти муайяне таъмин карда буданд, ҳоло талош доранд, аз ҳамон захираҳо чизеро бозпас бигиранд," – афзуд ӯ.

Илҳомов мегӯяд, эҳтимол бо Раҳмон аз истифодаи сарбозони пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон дар ҷанги Украина суҳбат шудааст.

Мерҳат Шарифҷон, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ дар Радиои Озодӣ, ҳам бо ин андеша ҳамфикр аст. Ӯ мегӯяд, эҳтимол ҳоло Путин дар фикри аз Арманистону Тоҷикистон ҷалб кардани нерӯҳо барои тақвияти ҷабҳааш алайҳи Украина мебошад.

Мерҳат Шарифҷон
Мерҳат Шарифҷон

"Модоме, ки онҳо пушти дарҳои баста гап заданду ягон санад имзо нашуд, маълум аст, дар бораи ҷанг дар Украина гап задаанд. Онҳо эҳтимол берун бурдани шуморе аз низомиёни пойгоҳи 201-уми Русияро аз Тоҷикистон ва фиристодан ба Украинаву пайомадҳои ин тасмимро ба вазъи сарҳад бо Афғонистон баррасӣ карданд. Путин метавонист, бигӯяд, бо Толибон машварат кардааст, онҳо дар Форуми иқтисодии Санкт-Петербург иштирок кардан два муносибатҳо бо Толибон ҳоло хуб аст," – шарҳ дод ӯ.

Дар зимн, ба бовари Парвиз Муллоҷонов, ҳарфи Путин дар бораи инки бо Толибон равобит барқарор мешавад, ба маънои нияти ҳамкории бештар бо ин гурӯҳ аст. Муллоҷонов мегӯяд, шояд на танҳо аз роҳи эътирофи ҳукумат, балки аз роҳи ҷалби онҳо ба тарҳҳои интегратсионии минтақавӣ, ба мисли СПАД ё Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой наздиктар кунад.

Тоҷикистон танҳо кишваре дар Осиёи Марказӣ аст, ки ба хотири таъмини ҳуқуқи қавму миллатҳо ва гурӯҳҳои сиёсӣ, аз ҷумла тоҷикони Афғонистон, ки "46 дарсади аҳолии он кишварро ташкил медиҳанд", гуфтааст, "имороти исломӣ"-и Толибонро эътироф намекунад. "Ин мавқеи ҳукумати Тоҷикистон бетағйир мондааст," -- гуфт як намояндаи ҳукумати Тоҷикистон ба шарти ифшо нашудани номаш.

Путин баъди Душанбе ба Ашқобод рафт ва дар нишасти раҳбарони кишварҳои соҳили Каспий иштирок кард. Таҳлилгарон мегӯянд, дидору гуфтугӯҳо бо президентони Эрон ва Озарбойҷон дар онҷо бахши боз ҳам муҳимтари сафари Путин ба Осиёи Миёна хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG