Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сухангӯи телевизиони Русия президенти Тоҷикистонро саҳван "Эммануэл" ном бурд


Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин, Маскав, 9-уми майи 2021
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин, Маскав, 9-уми майи 2021

Баранда ё сухангӯи Шабакаи аввали телевизиони Русия рӯзи 9-уми май ҳангоми муаррифии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар Майдони Сурх саҳван ӯро "Эммануэл Раҳмон" ном бурд, вале дафъатан хатои худро ислоҳ кард.

Иштибоҳи сухангӯ ҳангоми пахши зинда аз гашти низомӣ дар Маскав садо дод. Чанде аз расонаҳо ин қисмати муаррифии раиси ҷумҳури Тоҷикистонро буридаанд ва ё бо садои дигаре пӯшондаанд.

Ширкати алюминийи тоҷик ё Талко низ лаҳзаи муаррифии Эмомалӣ Раҳмонро дар Майдони Сурх дар саҳифаи расмии худ дар Ютуб ҷой дода, аммо лаҳзаи хатои барандаро бо садои дигар иваз кардааст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон танҳо раҳбари кишваре буд, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русияро рӯзи 9-уми май дар Иди Ғалаба дар Маскав ҳамроҳӣ кард. Имсол ба пирӯзӣ дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳон 76 сол пур шуд.

Дар гашти низомӣ дар Маскав беш аз 12 ҳазор низомӣ иштирок карданд. Дар ин маросим ҳамчунин аз 190 техника ва 76 ҳавопаймои низомӣ истифода шуд.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин пас аз анҷоми гашти низомӣ дар назди ёдгории аскари номаълум гулчанбар гузоштанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 8-уми май ба Маскав рафт ва дар мавриди ҷанҷоли марзӣ бо Қирғизистону вазъи сарҳади Афғонистон бо Владимир Путин суҳбат кард. Ӯ гуфт, ки Тоҷикистон масоили марзиро бо Қирғизистон танҳо бо роҳи музокирот ҳал хоҳад кард. Рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи мусаллаҳона рух дод ва аз ҳарду ҷониб даҳҳо нафар куштаву садҳо кас захмӣ шудаанд. Душанбеву Бишкек якдигарро ба сар задани муноқиша айбдор мекунанд.

Раиси ҷумҳури Русия дар навбати худ дар бораи пурқувват кардани пойгоҳи 201-ум ва нерӯҳои мусаллаҳои Тоҷикистон гуфт. Пойгоҳи 201-ум дар Тоҷикистон макони ҷойгиршавии 7 ҳазор низомии Русия аст. Мухолифони ҳукумати Тоҷикистон ҳузури ҳарбии Русияро замонати ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон мешуморанд.

Русияву Тоҷикистон худро шарикони стратегӣ медонанд ва мубориза бо терроризму қочоқи маводи мухаддир аз муҳимтарин бахшҳои ҳамкории низомии ин ду кишвар ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG