Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон ва Путин равобити дуҷониба, низои ахири марзиро баррасӣ карданд


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар Маскав дар мулоқот бо ҳамтои руси худ Владимир Путин гуфтааст, Тоҷикистон масоили марзиро бо Қирғизистон танҳо бо роҳи музокирот ҳал хоҳад кард. Мавқеи собити Тоҷикистон, ба таъкиди ӯ, аз роҳи "сулҳу гуфтугӯ" ҳал кардани масоили марзӣ бо Қирғизистон аст.

Масоили марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳоле дар Маскав баррасӣ шуд, ки рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи мусаллаҳона рух дод ва аз ҳарду ҷониб даҳҳо нафар куштаву садҳо кас захмӣ шудаанд. Душанбеву Бишкек ҳамдигарро дар сар задани муноқиша айбдор мекунанд.

Мулоқоти раҳбарони Тоҷикистону Русия рӯзи 8-уми май дар кохи Кремл доир гашта, оғози он дар ҳузури хабарнигорон ва бахши дигар пушти дарҳои баста гузаштааст. Дар гуфтугӯ бо Путин, президент Раҳмон ҳамчунон масъалаи бештар кардани парвози ҳавопаймоҳо миёни ду кишвар ва таъмини амнияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро пас аз хуруҷи нерӯҳои низомии Амрико баррасӣ кардааст.

Дафтари матуботи президенти Тоҷикистон хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми гуфтугӯ бо Путин аз вазъи амнияти Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои низомии Амрико аз ин кишвар ибрози нигаронӣ карда, хостори ёрӣ дар таҳкими ҳифзи марзи Тоҷикистон бо кишвар шудааст.

Президент Эмомалӣ Раҳмон, ҳолати амнияти Афғонистонро “таассуфбор ва сахт нигаронкунанда” гуфта, ёдовар шудаст, ки марзи Тоҷикистон бо ин кишвар сарҳади ҷанубии кишварҳои узви ИДМ ва Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ба шумор меравад ва ба “татбиқи амалии қарорҳои дар ин ҷода қаблан қабулшуда” таъкид кардааст. Ишораи президент Эмомалӣ Раҳмон ба қарорҳои "қаблан қабулшуда" ба ваъдаҳои Маскав дар мавриди бо аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ таъмин кардани артиши Тоҷикистон ва нерӯҳои марзбонии кишвар аст, ки ҳанӯз ба пуррагӣ иҷро нашудааст.

Владимир Путин, дар ин робита ба пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ишора карда гуфтааст, барои пурқувват кардани ин пойгоҳ ва артиши Тоҷикистон кор карда истодаем. “Мо барномаи хубе дар ин самт дорем, ки чанд солро дар бар мегирад. Мо ҳама корро анҷом хоҳем дод, то ки ин барнома сари вақт иҷро шавад”, гуфтааст Путин.

Пойгоҳи мазкур макони истиқрори 7 ҳазор низомии Русия буда, бар асоси созишномаи байнидавлатии Тоҷикистону Русия ҳақи то соли 2042 фаъолият карданро дорад. Русияву Тоҷикистон худро шарикони стратегӣ меноманд ва мубориза бо терроризму қочоқи маводи мухаддир аз муҳимтарин бахшҳои ҳамкории низомии ин ду кишвар ба шумор меравад. Мухолифони давлати Тоҷикистон ҳузури ҳарбии Русияро замонати ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон мешуморанд.

Президенти Тоҷикистон дар суҳбат бо Владимир Путин ҳамчунин масъалаи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистонро баррасӣ карда, ба зарурати бештар кардани “хатсайрҳои ҳавоӣ миёни ду кишвар” таъкид кардааст. Таъкид бар сари бештар намудани хатсайрҳои ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Русия дар ҳолест, ки ҳоло ҳафтае ду маротиба танҳо миёни Душанбе ва Маскав парвозҳои ҳавоӣ сурат мегиранд.

Бинобар маҳудудиятҳои пандемия беш аз як сол парвозҳои мунтазам миёни ду кишвар баста шуданд ва муҳоҷирони кории тоҷик дар шароити сахте қарор гирифтанд. Бо боз шудани ягона хатсайри мунтазами ҳавоӣ ва марзи Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирон ба нуқтаҳои билетфурӯшӣ рехтанд. Чун як сол инҷониб аз бекорӣ азият мекашанд ва аксарият мехоҳанд дубора ба Русия ба кор раванд.

Владимир Путин дар ин робита гуфтааст, бахшҳои мухталифи иқтисоди Русия ба нерӯи корӣ ниёз дорад. Вале таъкид кардаст, ки Тоҷикистон ҳам аз ин раванд суди зиёде мегирад. “Одамон (манзур муҳоҷирони кории тоҷик) кӯмаки хеле калонеро барои дастгирии оилаҳои худ аз Русия мефиристанд. Ба назари ман ин комилан як раванди мусбат аст”, гуфтааст Путин.

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо даъвати Владимир Путин ба Маскав сафар кард ва қарор фардо дар гашти низомии бахшида ба Иди ғалаба ҳам ширкат варзад.

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG