Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав меравад


Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин. Акс аз бойгонӣ

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 9-уми май ба Маскав хоҳад рафт.

Абдуфаттоҳ Шарифзода, роҳбари хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, рӯзи 5-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, Эмомалӣ Раҳмон дар маросими бахшида ба Иди Ғалаба иштирок мекунад.

Ӯ афзуд, дар ҳошияи гашти низомӣ мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Владимир Путин, президенти Русия, дар назар аст ва эҳтимол мавзӯи ҷанҷолҳои охир дар марз бо Қирғизистон баррасӣ шавад.

"Тоҷикистону Қириғизистон узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) ҳастанд ва, аз ин рӯ, ин мавзуъ дар мулоқот баррасӣ хоҳад шуд", -- шарҳ дод Шарифзода.

Дар ҳамин ҳол, сафари Содир Ҷабборов раисҷумҳури Қирғизистон ба Маскав дар назар нест. Дмитрий Песков, сухангӯи Путин дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, "ширкати президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар ҷашни Рӯзи ғалаба дар назар нест".

Қаблан Владимир Путин барои миёнравӣ дар ҳалли ҷанҷолҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ибрози омодагӣ карда буд.

Дар ҷангу ҷидоле, ки рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рух дод, аз ҳарду ҷониб даҳҳо нафар куштаву садҳо кас захмӣ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон омори захмиёну қурбониёнро намегӯянд, вале Радиои Озодӣ мустақилона то ин дам номи 20 қурбонии задухӯрди мусаллаҳонаро ошкор кард. Ёздаҳ нафари онҳо низомӣ ҳастанд.

Ҷониби Қирғизистон эълон кард, ки дар ин ҳодиса 189 шаҳрванди он кишвар маҷруҳ шуда, 36 кас, аз ҷумла ду кӯдак ҷон бохтаанд.

Ҳарду кишвар якдигарро ба оғози даргирӣ муттаҳам мекунанд ва Додситониҳои кулли Тоҷикистону Қирғизистон барои таҳқиқи ҳодиса парвандаҳои ҷиноӣ кушодаанд. Тоҷикистону Қирғизистон оташбаси доимӣ эълон карда, нерӯҳои худро аз минтақаҳои наздисарҳадӣ берун бурданд.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва аз ин ҳисоб танҳо 519 километри онро мушаххасу аломатгузорӣ кардаанд. Минтақҳои боқимонда, иборат аз обу замину чарогоҳ, баҳсӣ ҳастанд ва сари чанд вақт сабаби занозаниву тирпарронии сокинону нерӯҳои ду кишвар мешаванд.

XS
SM
MD
LG