Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав рафт


Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гулчанбаргузорӣ ба муносибати Рӯзи Ғалаба. 08.05.2021

Имрӯз 8-уми май президент Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав сафар кардааст.

Дафтари матбуоти раисҷумҳур мегӯяд, ин сафар бо даъвати Владимир Путин раисҷумҳури Русия сурат гирифтааст. Гуфта мешавад, дар рафти ин сафар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин доир мешавад. Президент Раҳмон рӯзи 9-уми май дар гашти низомии Иди Ғалаба дар Майдони сурхи Маскав ширкат мекунад.

Қабл аз ин сафар, субҳи 8-уми май раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гулчанбаргузорӣ ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Душанбе ширкат варзид. Қаблан Абдуфаттоҳ Шарифзода сухангӯи президент гуфта буд, сафари Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Маскав рӯзи 9-уми май, сурат мегирад.

Дар мулоқоти Раҳмон ва Путин мавзӯи ҷанҷолҳои охир дар марз бо Қирғизистон баррасӣ хоҳад шуд. Се рӯз қабл Абдуфаттоҳ Шарифзода, роҳбари хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд: "Тоҷикистону Қириғизистон узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) ҳастанд ва, аз ин рӯ, ин мавзуъ дар мулоқот баррасӣ хоҳад шуд".

Дар ҳамин ҳол, сафари Содир Ҷабборов раисҷумҳури Қирғизистон ба Маскав дар назар нест. Дмитрий Песков, сухангӯи Путин дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, "ширкати президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар ҷашни Рӯзи ғалаба дар назар нест".

Қаблан Владимир Путин барои миёнравӣ дар ҳалли ҷанҷолҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ибрози омодагӣ карда буд. Дар ҷангу ҷидоле, ки рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рух дод, аз ҳарду ҷониб даҳҳо нафар куштаву садҳо кас захмӣ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон пас аз чанд рӯзи муноқиша гуфтанд, дар задухӯрди мусаллаҳона дар марз 87 нафар сокинони Тоҷикистон захмӣ ва 19 нафар кушта шуданд. Ёздаҳ нафари кушташудаҳо низомӣ ҳастанд. Ҷониби Қирғизистон эълон кард, ки дар ин ҳодиса 189 шаҳрванди он кишвар маҷруҳ шуда, 36 кас, аз ҷумла ду кӯдак ҷон бохтаанд.

Ҳарду кишвар якдигарро ба оғози даргирӣ муттаҳам мекунанд ва Додситониҳои кулли Тоҷикистону Қирғизистон барои таҳқиқи ҳодиса парвандаҳои ҷиноӣ кушодаанд. Тоҷикистону Қирғизистон оташбаси доимӣ эълон карда, нерӯҳои худро аз минтақаҳои наздисарҳадӣ берун бурданд.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва аз ин ҳисоб танҳо 519 километри онро мушаххасу аломатгузорӣ кардаанд. Минтақҳои боқимонда, иборат аз обу замину чарогоҳ, баҳсӣ ҳастанд ва сари чанд вақт сабаби занозаниву тирпарронии сокинону нерӯҳои ду кишвар мешаванд.

XS
SM
MD
LG