Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миронов: шаҳрвандии русии тоҷикистониҳо "мораторий шавад". Тоҷикистон чӣ мегӯяд?


Сергей Миронов бо изҳороти миллатгароёнааш дар гузашта ҳам зиёд маъруф буд
Сергей Миронов бо изҳороти миллатгароёнааш дар гузашта ҳам зиёд маъруф буд

Як сиёсатмадори рӯ ба Кремлин тарафдори мораторий ба тақдими шаҳрвандии Русия ба тоҷикистониҳо шуд.

Сергей Миронов, раиси ҳизби “Русияи одил – барои ҳақиқат” дар изҳороте, ки рӯзи 7-уми апрел дар вебсайти расмии ин ҳизби сиёсӣ нашр шудааст, афзоиши шумори шаҳрвандони Русия аз ҳисоби тоҷикистониҳоро интиқод карда гуфтааст, ки кишвараш аз ин чиз “фоида намебинад”.

Миронов, ки вакили Думаи давлатӣ аст, бо такя ба омори расмии соли 2021 оид ба тақдими шаҳрвандӣ гуфтааст: “Беш аз нисфи соҳибони шиносномаҳо аз Донбассанд. Ин ҷо ҳама чиз маълум аст, саволе нест. Як омори дигар такондиҳанда аст: 14 % ё 103 ҳазор "русиягиҳои нав" аз Тоҷикистон омадаанд. Ман ба мардуми ин кишвар эҳтироми зиёд дорад, вале бояд рӯирост гуфт: аксари онҳое, ки аз Тоҷикистон меоянд, забони мо, фарҳангу расму русуми моро ба қадри кофӣ намедонанд ваё умуман намедонанд, онҳо ихтисоси баланд ё ҳатто миёна ҳам надоранд. Онҳо манфиатдоранд, ки шаҳрвандии моро бипазиранд. Вале ба Русия чӣ фоида?”.

Ҳанӯз ҳеҷ мақомдор ё фаъоли сиёсӣ дар Тоҷикистон ба ин изҳорот вокунише нишон надодааст.

Миронов тахмин кардааст, ки “русишавии оммавии” тоҷикистонҳо натиҷаи коррупсия дар сохторҳои ВКД-и Русия мебошад. Миронов гуфтааст, ки ҳизбаш тарҳи ислоҳшудаи қонун дар бораи шаҳрвандии Русияро омода мекунад ва пешниҳодаш ин аст, ки соли 2023 “муваққаттан” ба додани шаҳрвандии Русия ба тоҷикистониҳо “мораторий эълон” шавад. То он замон, ба гуфтааш, “бояд ҳолатҳои тақдими шиносномаҳо дар гузашта ба намояндагони Тоҷикистон таҳқиқ шавад”.

Миронов мисли раҳбари даргузаштаи ҳизби ЛДПР Владимир Жириновский, дар гузашта ҳам бо изҳороти таҳқиромезаш нисбати муҳоҷирон ва шаҳрвандони Тоҷикистон маъруф буд.

Шарҳҳои танқидии як мақомдор ва депутати рус дар ҳоле садо медиҳад, ки Русияву Тоҷикистон 30-солагии барқароршавии равобити дипломатии миёни ду кишварро таҷлил мекунанд ва дар сӯҳбати телефонии президентон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8-уми апрел ба зарурати тақвияти ҳамкориҳои стратегии ду кишвар таъкид шудааст. Тоҷикистон ва Русия созишномаи душаҳрвандиро имзо кардаанд ва дар 30 соли истиқлолият даҳҳо ҳазор тоҷикистонӣ ҳамзамон шаҳрвандии Русияро қабул кардаанд. Аксари онҳо бо ҳадафи кору даромад ба Русия мераванд, чун дар Тоҷикистон аз бекорӣ ваё даромади нокофӣ азият мешаванд. Вале бӯҳронҳои иқтисодии солҳои охир ва ҳам ҷанги Русия алайҳи Украинаву таҳримҳои ғарбӣ иқтисод ва фазои кории Русияро хеле осеб расонидааст.

Ин изҳорот дар ҳолест, ки дар пасманзари ҳуҷуми Русия ба Украина дар як ҷанги беасосе, ки 24-уми феврал шурӯъ шуд, бисёр нозирон аз боло будани ақидаҳои рӯ ба Русия дар ҷомеаи Тоҷикистон изҳори тааҷҷуб мекунанд. Дар миёни ҷонибдорони сиёсати Кремлин ва ҷанги Русия шумори дорандагони шиносномаҳои русӣ кам нест. Бархе мунаққидон дар шарҳҳои худ зери хабарҳои марбут ба изҳороти Миронов гуфтанд, “шумо аз Русия ҳимоят мекунед, вале сиёсатмадорони ин кишвар тамоми миллатро паст мезананд”.

XS
SM
MD
LG