Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аниса Собирӣ: "Русия худро дар ҳолати наздик ба худкушӣ гузоштааст." ВИДЕО


Аниса Собирӣ
Русия рӯзи 24-уми феврали имсол ба қаламрави Украина ҳамла кард ва ҷаҳон шоҳиди даргирии мудҳише шуд, ки пас аз поёни Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ надида буд. Бо вуҷуди онки Маскав мегӯяд, "амалиёти вижаи низомӣ" асосан иншооти ҳарбиро дар Украина нишон гирифтааст, гузоришҳо баёнгари буҳрони амиқи башарӣ дар он кишвар ҳастанд. Садҳо бинои истиқоматӣ, бемористону театр бомбаборон шуда, беш аз се миллион нафар хонаҳои худро тарк карданд. Дигарон дар таҳхонаҳо ба сар мебаранд.
Ба назар мерасад, имрӯз ҳеч кас нисбат ба ҷанг дар Украина бефарқ нест. Як гуруҳ тарафдори таҷовузи низомии Русия ҳастанд. Иддае дигар ҷангро маҳкум мекунанд. Бисёре аз соҳибназарон ва журналистону фаъолони тоҷик низ мавқеи худро баён доштанд. Яке аз онҳо Аниса Собирӣ, шоир ва филмсози тоҷик аст. Ӯ дар Лондон таҳсил мекунад.

Радиои Озодӣ: Аниса, салом. Дар Тоҷикистон дар бораи ҷанги Русия дар Украина пурсиши афкори умум нагузаронданд, вале дар шабакаҳои иҷтимоӣ шумори онҳое, ки кори Маскавро «дуруст» меноманд, кам нест. Сабабаш чӣ аст, ба назари Шумо?

Аниса Собирӣ: Ман ҳам, мутаассифона, мебинам, ки назарҳои мусбат дар бораи таҷовузи Русия дар Украина кам нест. Инро дигаргуна ҳам гуфта намешавад. Ба назари ман, сабабаш ин аст, ки дар Тоҷикистон, мисли ҷумҳуриҳои дигари Шӯравии собиқ, назари мусбати мардум ба хушунат зиёд аст. Ин чиз, мутаассифона, пеш аз ҳама ба он вобаста аст, ки дар ин қаламрав дурудароз мавзӯи пирӯзӣ бар душман, яъне мавзӯи душмани беруна талқин мешуд. Таблиғоти Русия, ки аз телевизионҳои он пахш мешавад, хеле зиёд аст. Дар Тоҷикистон ин пойгоҳҳо гуё ба ягона манбаи иттилоъ дар бораи рӯйдодҳои байнулмилалӣ табдил шудаанд. Шаҳрвандони мо амалан манбаъҳои дигари иттилоърасониро намедонанд. Ин чиз солҳои дароз кор кард ва ҳоло ҳосилашро мебинем.

Радиои Озодӣ: Дар ин фазо гуё нафаре шудед, ки муқобили маҷро шино мекунед ва ҳам ҳадафи ҳамлаҳои таҳқиромез қарор гирифтед…

Ҳама гуна ҷанг, бо ҳар сабабе, ки набошад ва дар ҳар куҷое, ки набошад, хеле даҳшатовар аст.

Аниса Собирӣ: Бале, бисёре аз онҳое, ки назари дигар доранду ин назарашонро баён мекунанд ва ҳамовози таблиғоти Русия нестанд, ҳамчун «ҷабрдида»-и таъсири Ғарб арзёбӣ мешаванд. Маро бисёр вақт «фурӯхташудаи Ғарб» меноманд. Чунин гуфтан хеле осон аст, нисбат ба он ки Интернетро кушода, назарҳои дигарро бубинанд. Асосан шаҳрвандони мо ба ҳайси забони хориҷӣ танҳо русиро медонанд ва ҳамингуна ҳама иттилое, ки дарёфт мекунанд, тавассути пойгоҳҳои русӣ қабул мешавад. Азбаски дар Русия солҳои зиёд истилоҳи «агенти хориҷӣ» истифода мешуд, ин чиз дар зеҳни шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам нишаст ва чунин фикр кардан назар ба он ки дар бораи вуҷуди андешаҳои алтернативӣ фикр кунанд, осонтар аст.

Радиои Озодӣ: Аниса, агар ҳоло дар Тоҷикистон мебудед, ба назаратон метавонистед, озодона андешаҳои худро дар бораи Украина баён кунед?

Аниса Собирӣ: Ростӣ, ман дар бораи Русияву сиёсатҳояш назари худро доштам. Аз 16-солагӣ телевизиони Русияро тамошо намекунам. Шояд ба он хотир, ки забонҳои хориҷиро медонистам ва имкони онро доштам, ки назарҳои дигарро ҳам бубинам. Масалан, ҳеч гоҳ нагуфтам, ки «биёед, Иди Ғалабаро таҷлил кунем». Ман зидди ҷашнгирии ин ид ҳастам.

Навори суҳбатро дар инҷо бинед:

Аниса Собирӣ: "Ман зидди ҷанги Русия дар Украина ҳастам"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:20:00 0:00

Радиои Озодӣ: Маро як чиз дар ҳайрат мегузорад, ки чӣ будани ҷанг, ҷанги бародаркушро дар Тоҷикистон бисёриҳо хуб медонанд. Вале боз ҳам аз дохили Тоҷикистон даъватҳо ба пуштибонӣ аз ҷанг дар Украина кам нест. Инро чӣ гуна шарҳ додан мумкин аст?

Аниса Собирӣ: Бале, ман ҳам аз ин тааҷҷуб мекунам. Бо тамоми самимияте, ки ҳамватанони мо ба Русия доранд, ҳамин шаҳрвандон ҳар соат ва ҳар лаҳза бо ҳолатҳои одамбадбинӣ дар Русия рӯбарӯ мешаванд. Мо шоҳиди он ҳастем, ки чӣ гуна мавзӯи мансубияти шаҳрвандии шахс ҳангоми нашри хабарҳои ҷиноӣ дар Русия баландтар садо медиҳад. Шаҳрвандони мо хуб медонанд, ки аз лиҳози нафрату бадбинӣ Русия дар сафи аввал аст. Воқеияти дигар ҷанги шаҳрвандӣ аст. Насли ман не, насли падару модари мо чӣ будани ҷангро бисёр хуб медонанд. Ҷанг ин даҳшат аст, ҳама гуна ҷанг, бо ҳар сабабе, ки набошад, дар ҳар куҷое, ки набошад, хеле даҳшатовар аст. Вале боз ҳам, ба хотири ин ки танҳо манбаи иттилоърасонӣ телевизиони Русия аст, ҷанги иттилоотӣ ҷараён дорад, мағзшӯӣ ва дар Тоҷикистон ҳам мавзеъгирии Кремл таъсиргузор шудааст. Ба андешаи ман, ин як мушкили хеле ҷиддӣ аст. Ин аслан харобкорӣ аст. Ҳукумати мо бояд ин падидаро ба инобат бигирад, чунки мо ҳам метавонем давлатдории худро мисли Украина аз даст бидиҳем.

Радиои Озодӣ: Дар бораи ҷанги 24-уми феврал чӣ гуна иттилоъ ёфтед ва вокуниши Шумо чӣ буд?

Аниса Собирӣ: Ман тарсидам, ки Осиёи Марказӣ метавонад дар навбати баъдӣ қарор гирад. На, на, баъди Украина, шояд баъди кишварҳои Назди Балтика ва кишварҳои дигар. Ман ба ҳама гуна ҷангу низоъ ҳассосият дорам. Нисбати ғасби қудрат дар Афғонистон ҳамингуна эҳсос доштам. Аслан, ҳеч ҷанге, ки дар сайёра сар мезанад, наметавонад касеро бетафовут гузорад, чунки дар асри 21 зиндагӣ мекунем ва медонем, ки барои роҳ надодан ба ҷанг роҳҳои зиёди дипломатӣ вуҷуд дорад ва имрӯз ҷанг набояд рух медод. Насли мо бояд ба ингуна ҳодисаҳо роҳ надиҳад. Мутаассифона, он чи ки 24-уми феврал рух дод, барои ман тааҷҷубовар набуд, чунки ман таҳаввулоти минтақаро бодиққат пайгирӣ мекунам.

Радиои Озодӣ: Яъне, медонистед, ки Русия ҳамла мекунад?

Ба назари ман, ҳукумати Тоҷикистон роҳи дигар ҳам надорад, чунки мо аз назари геополитикӣ аз Русия вобаста ҳастем ва ҳар гуна ҳаракат ба чап ё рост метавонад, чун тарафдорию мухолифат арзёбӣ шавад.

Аниса Собирӣ: Умед доштам, ки ин чиз намешавад, вале вақте шуд, ҳайрон нашудам, чунки коршиносон дар борааш бисёр мегуфтанд. Ин мавзӯи матбуоти зиёд ва Русия буд, ки тамоми корро кард, ки ҷанг шавад. Ҳарчанд ба таъкид мегуфтанд, ки «мо ба касе ҳамла намекунем», мо дидем, ки Кремл ба ҳарфаш амал накард.

Радиои Озодӣ: Шумо ин мавзуъро дар Фейсбук зиёд матраҳ карда, амалҳои Русияро маҳкум кардед. Инчунин як дафъа навиштед, ки «агар касеро ранҷонидам, узр мепурсам». Яъне, аз гуфтани мавқеи худ пушаймон шудед?

Аниса Собирӣ: Не, аз баёни мавқеам пушаймон нестам, чунки ман зидди ҷанг мебошам ва назари ман дигар нашудаст. Ман аз он таассуф мехӯрам, ки назарҳои ман боиси ихтилофи назарҳои бисёре аз шореҳон шуд. Шарм медорам, ки дар Тоҷикистон, дар кишвари ман, ки ҷангро дидааст, дарки нодурусти таҳаввулоти ҷаҳон вуҷуд дорад. Умед дорам, ба мо ҳеч таъсире нахоҳад дошт, чунки мо дар вобастагии қавӣ аз Русия ва бозигарони дигар, мисли Чин қарор дорем. Мо бояд босавод бошем. Тоҷикистон як кишвари хурд аст, ин кишвар аз назари геополитикӣ ва иқтисодӣ сахт вобаста аст. Мо мебинем, ки нархҳо дар Тоҷикистон якбора боло рафтанд. Наздикони ман он ҷо ҳастанд ва бӯҳрони иқтисодӣ ба ҳама таъсир кард, пеш аз ҳама ба мо. Вале маро набудани хоҳиши дарки воқеият аз ҷониби ҳамватанон метарсонад. Аз ҳамин ҷиҳат, эҳсоси таассуф доштам. Ман барои ҳар чизе, ки дар кишвари мо мегузарад, ғам мехӯрам.

Радиои Озодӣ: Аниса, мегӯед, ин ҳодисаҳо Шуморо азият мекунанд, ғам мехӯред. Вале аз сӯи дигар мебинем, ки тақрибан ҳеч сиёсатмадоре аз Тоҷикистон ва ё раҳбарияти кишвар дар бораи ҷанг дар Украина назари худро баён накарданд. Ҳатто даъват ба ҳалли сулҳомези ин қазия ҳам садо надод. Чаро?

Аниса Собирӣ: Ба назари ман, ҳукумати Тоҷикистон роҳи дигар ҳам надорад, чунки мо аз назари геополитикӣ аз Русия вобаста ҳастем ва ҳар гуна ҳаракат ба чап ё рост метавонад, чун тарафдорию мухолифат арзёбӣ шавад. Мавқеи бетарафонае, ки Тоҷикистон ба намоиш гузоштааст, дар ин ҳолат дуруст аст. Ман воқеан ҳам чунин фикр мекунам, чунки илоҷи дигаре надорем. Маро бештар ин чиз азоб медиҳад, ки шаҳрвандони мо инро дуруст дарк намекунанд. Дар ҳолате, ки пойгоҳи 201-ум дар хоки мо истодааст, ягона коре, ки карда метавонем, ин мавзеъгирии бетарафона аст.

Радиои Озодӣ: Яъне, мавқеи давлат дуруст асту шаҳрвандон бояд дар бораи ҳодисаҳои воқеӣ иттилои бештар дошта бошанд?

Аниса Собирӣ: Бале, дар ин ҳолат ҳамин хел аст. Вале бовар дорам, ки мақомоти мо дар бораи нуфузи Русия ба мағзҳои шаҳрвандони мо андеша мекунанд. Ин сиёсати харобкорона аст ва мо бояд барои эҷоди фазои андешаҳои боз, фароҳам кардани имкони дастрасӣ ба иттилоъ, масалан, арзонтар кардани Интернет ва ҳатто озодтару бепул кардани он дар баъзе ҷойҳо талош кунем, то мардум ба иттилоъ дастрасӣ дошта бошанд, телевизион бояд маблағгузорӣ шавад ва ғайра.

Радиои Озодӣ: Украина солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба Тоҷикистон ёрии зиёд кардааст. Дар хабарҳо дидем, ки Озарбойҷон ва Қазоқистон ба он ҷо кумак фиристоданд. Чаро Тоҷикистон хомӯш аст?

Ин пайомадҳо ва ҳам бӯҳронҳои иҷтимоӣ, ки дар Русия сар мезананд, кишварҳои дигарро ҳам ба андеша водор мекунанд, ки таъқиби озодии баён оқибатҳои бад дорад. Ба назари ман, аз ин чиз минтақаи мо бурд мекунад.

Аниса Собирӣ: Ман дар ин бора назари коршиносона дода наметавонам, вале ҳамаро аз як тараф истода мушоҳида мекунам. Тоҷикистон талош дорад, ки эҳтиёткорона амал кунад, чунки дар қаламрави Осиёи Марказӣ заъфпазитарин кишвар аст. Танҳо кишвар дар Осиёи Марказӣ аст, ки пойгоҳи азими низомии Русияро дорад. Мо бо Афғонистон марзи дароз дорем. Тоҷикистон ҳадди аксар талош мекунад, ки дар миёни шарикони ғарбиву рус ва чиниаш эҳтиёткорона амал кунад. Ин, ба назари ман, як мавқеи ботавозун аст. Ман чун шаҳрванди Тоҷикистон намехоҳам, ки ин кишвар муносибатҳояшро бо шарикон бад кунад. Мо илоҷи дигар надорем. Як масъала ин аст, ки вақте ман назари шахсии худро баён мекунам ва ба ин бовар ҳастам, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бояд ҳушёр бошанду таҳаввулоти атрофро дуруст дарк кунанд. Аз сӯи дигар, вақте равобити дипломатӣ вуҷуд дорад, онҳо маҷбуранд, ки тавре мебинем, рафтор кунанд. Ба ин чиз ҳам аҳамият диҳед, ки ҳеч як кишвари Осиёи Марказӣ ба Украина пуштибонии садфоизаи худро баён накард, чунки хеле худ мефаҳмад, ки пайомадаш чӣ хоҳад буд.

Радиои Озодӣ: Шумо истилоҳи «масъулияти ахлоқӣ»-ро чӣ хел мефаҳмед? Дар ҷаҳон оё бо масъулияти ахлоқӣ чӣ шудааст, ба назари Шумо?

Аниса Собирӣ: Масъулияти ахлоқӣ ин, пеш аз ҳама, самимият бо худии худ аст, ин парастиши арзишҳои башариву инсондӯстӣ аст. Масъулияти ахлоқӣ ин эҳсоси раҳму шафқат ба инсонҳову ҳолатҳои ногувор аст, ин масъулият дар назди наслҳои оянда, масъулият дар пеши сайёраи Замин, дар пеши на фақат инсонҳо, балки ҳаёти ҷонварону паррандагон аст. Вале мебинем, ки ба ҷои ҳалли масоили муҳитзистӣ, ки сарбории фарзандони мо мешаванд, таҷовузгарон на танҳо фоҷеаҳои башарӣ, балки экологӣ ҳам эҷод мекунанд. Ман аз ин чиз бисёр ғам мехӯрам, чунки қарзи инсонии ман ин аст, ки инро маҳкум кунам ва дигаронро тавассути кино, шабакаҳои иҷтимоӣ ва ё минбарҳои дигар раҳнамоӣ кунам.

Радиои Озодӣ: Баъзе аз таҳлилгарон ба ин боваранд, ки ҷанги Русия дар Украина дар умум ба фазои сиёсӣ дар қаламрави дигари кишварҳои Шӯравии собиқ таъсири боз ҳам бадтар мегузорад ва озодиҳои бе ин ҳам маҳдудшуда бештар саркӯб мешаванд ва барои созмонҳои иҷтимоиву матбуоти мустақил иҷро кардани вазифаҳои касбӣ мушкилтар мешавад. Шумо бо ин андеша розӣ ҳастед?

Аниса Собирӣ: Ба назари ман, аз ҳоло пешбинӣ кардани таҳаввулоти баъдӣ дар қаламрави кишварҳои мо душвор аст. Чунки Русия худро дар ҳолати наздик ба худкушӣ гузоштааст ва ин ҷанг, ки аз ҷониби тамоми тамаддуни ҷаҳонӣ чун таҷовузи низомӣ маҳкум шудааст, барои Русия илоҷи дигаре ҷуз эътирофи мағлубияташро намегузорад. Ман ба ин сад дар сад бовар дорам. Ҳар қадар пештар ин чиз рӯй диҳад, дар минтақаи мо ҳамон қадар пештар тағйирот ба самти демократия рӯй медиҳад. Тамоми ҷаҳони ғарб аз демократия гап мезанад ва вазъи баамаломада як суоле халқ мекунад, ки то куҷо пайравӣ аз ҳама амалҳои Русия амну бехатар аст. Ин кишварро аллакай даҳҳо ҳазор одамони босавод, журналистону озодандешон тарк кардаанд. Ба назари ман, ин пайомадҳо ва ҳам бӯҳронҳои иҷтимоӣ, ки дар Русия сар мезананд, кишварҳои дигарро ҳам ба андеша водор мекунанд, ки таъқиби озодии баён оқибатҳои бад дорад. Ба назари ман, аз ин чиз минтақаи мо бурд мекунад.

Шарҳҳоро бинед (30)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG