Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардони тоҷик дар Украина "мондаанд". Як зани тоҷик мегӯяд, ба Чехия роҳ наёфт. ВИДЕО


Киев, 14-уми марти 2022

Як зани тоҷик иддао дорад, ки ӯро бо ду кӯдакаш аз Чехия “ба Украина бозпас фиристодаанд”. Фотимаи 47-сола панҷ сол боз дар Полтаваи Украина кору зиндагӣ мекард ва дар пайи ҳамлаи Русия аз он кишвар берун шуд, вале 14-уми март дигарбора ба макони зисташ баргашт.

Мақомоти Чехия дар ин бора шарҳ надодаанд. Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, агар зан бо кӯдаконаш ба Лаҳистон (Полша) биравад, ба ватан фиристода хоҳад шуд. То имрӯз беш аз 1700 шаҳрванди Тоҷикистон аз Украина ба Лаҳистону Молдова рафтаанд. Бахше дигар, асосан мардон, ҳанӯз дар Украина ҳастанд.

“Ҷанг ҳар рӯз наздиктар мешавад”

Фотима мегӯяд, ҳарчанд панҷ сол дар Украина зист, ҳаққи иқомати доимӣ надошт. Ҳар сол муҳлати будубошашро дароз мекард. Маҳз поён ёфтани ҳаққи иқоматаш дар Украина, ба гуфтаи ӯ, боис шудааст, ки мақомоти Чехия қабул накунанд.

Беш аз сесад шаҳрванди Тоҷикистонро, ки аз Украина фирор кардаанд, тавассути Лаҳистон ба Душанбе бурданд
Беш аз сесад шаҳрванди Тоҷикистонро, ки аз Украина фирор кардаанд, тавассути Лаҳистон ба Душанбе бурданд

“Шавҳарам бемор аст. Бар илова, дар Украина мардонро ба берун рафтан намемонанд. Гуфтам, ақаллан духтаронамро фиристам, нашуд. Ин ҷо ҳоло оромтар аст, вале ҷанг ҳар рӯз наздиктар мешавад,” -- гуфт ӯ.

Сафорати Тоҷикистон дар Олмон, Полша ва Чехия онҳоеро, ки аз Украина ба ин кишварҳо паноҳ мебаранд, номнавис мекунад. Ҳафтаи гузашта 305 нафар, аз ҷумла донишҷӯён ва занону кӯдаконро ба Душанбе фиристоданд. Беш аз 60 нафари дигар дар Лаҳистон барои бозгашт ба Тоҷикистон номнавис шудаанд. Баргардондани шаҳрвандон бепул ва бо мадади “Frontex” ва Хадамоти марзбонии Лаҳистон сурат мегирад.

Киҳо бармегарданд?

Дар сафорати Тоҷикистон дар Олмон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, танҳо хоҳишмандон ва онҳое, ки ҳамчун сайёҳ ё ба корҳои муваққатӣ ба Украина омада буданд, ба Тоҷикистон баргардонида мешаванд. «Аммо он шаҳрвандоне, ки дар Украина ҳаққи иқомат доштанд, метавонанд, дар кишварҳои аврупоӣ бимонанд,» -- гуфтанд дар намояндагии расмии Тоҷикистон.

Имомуддин Сатторӣ
Имомуддин Сатторӣ

Сафир Имомиддин Сатторӣ гуфт, «барои онҳое, ки дар Украина ҳаққи иқомати қонунӣ доштанд, бозгашт ҳатмӣ нест. Ба онҳо шароити кору зиндагии яксола дар кишварҳои аврупоӣ дода мешавад. Ба онҳое, ки муваққатӣ дар Украина буданд ё санадҳояшон дуруст набуд, муҳлат барои бозгашт ба ватан дода мешавад.»

Мунира Сатторова, шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо хонаводааш дар Украина зиндагӣ мекард ва ҳоло дар Лаҳистон паноҳанда шудаанд, гуфт, қасди ба Тоҷикистон рафтан надоранд. “Дар Тоҷикистон кор надорем ва ба Украина барои кор омада будем. Ҳоло кӯшиш дорем, ки дар ҳамин ҷо ё Олмон монем ва ба корамон давом диҳем,” – афзуд ӯ.

"Мардонро аз Украина берун рафтан намемонанд"

Дар Украина бештар он шаҳрвандоне мондаанд, ки ё имкони берун шудан надоранд ё барояшон иҷозати хориҷ шудан намедиҳанд. Масалан, дар шаҳрҳои Харков, Запарожйе, Одесса ва Киев тоҷикон бештар мондаанд.

Ба мардони тоҷике, ки ҳаққи иқомати доимӣ доранд ё шаҳрвандии Украинаро гирифтаанд, иҷозати берун шудан намедиҳанд. Бар асоси қонунҳои Украина мардони аз 18 то 60-сола барои ҳимояи кишвар ҷалб мешаванд. То ҳанӯз маълум нест, ки чанд зодаи Тоҷикистон аз ҷониби Украина ба ҷанг даъват шудаанд.

Шарҳи бештарро дар видео бинед:

Тоҷикони соҳиби шиносномаи украинӣ бояд аз ватани навашон ҳимоят кунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:17 0:00

Баъзе аз зодагони Тоҷикистон ҳамсаронашонро ба хориҷ фиристода, худашон монданд. Сайлигул, як зани ҳомилаи тоҷик, ки бо ду кӯдаки ноболиғ аз шаҳри Запарожйе ба Лаҳистон паноҳ бурд, гуфт, ба шавҳараш иҷозаи берун шудан надодаанд.

Дар умум, тоҷиконе, ки дар Украина ҳастанд, дар ҳаросанд. Зуд-зуд бонги изтироб зада мешавад ва онҳо ба паноҳгоҳҳо мегурезанд.

14-уми март аз ҳамлаи бесабаби Русия ба Украина 19 рӯз гузашт. Маълум нест, ҷанг бо чӣ меанҷомад.

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG