Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон, Украина ё Рустами Эмомалӣ? Таҳлилгарон аз сафари Путин ба Тоҷикистон чӣ меҷӯянд? ВИДЕО  


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳамтои русаш Владимир Путинро, ки барои ҳамла ба Украина ба шиддат накӯҳиш мешавад ва зери бори таҳримҳои Ғарб аст, дар Фурудгоҳи Душанбе пешвоз гирифтааст
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳамтои русаш Владимир Путинро, ки барои ҳамла ба Украина ба шиддат накӯҳиш мешавад ва зери бори таҳримҳои Ғарб аст, дар Фурудгоҳи Душанбе пешвоз гирифтааст

Сафари нахустини хориҷии президенти Русия Владимир Путин аз оғози ҷанги Украина ва он ҳам ба Душанбе диққати тамоми ҷаҳонро ба худ кашидааст. Биноан, дар бораи мавзӯъҳои он баҳс зиёд аст.

Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президенти Тоҷикистон, рӯзи 28-уми июн гуфт, дар сафари кории Путин имзои ҳеч санад дар назар гирифта нашудааст ва мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон танҳо ба танҳо ва бе ширкати мақомоти дигар мегузарад. Шарифзода ва ҳамтоёни русаш ҳамкориро мавзуи асосӣ номиданд, ҳарчанд ёвари Путин Юрий Ушаков таваҷҷӯҳи вижа ба Афғонистонро зикр намуд.

Омодагӣ ба интиқоли қудрат?

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари сиёсӣ дар Тоҷикистон, тахмин мекунад, ки эҳтимол дар ин сафар мавзӯи омодагиҳо ба интиқоли қудрат ва ҳам пойфишории Русия ба пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) матраҳ шавад, ки Душанбе ба он майл надорад.

Абдумалик Қодиров
Абдумалик Қодиров

Ба қавли Қодиров, "дар масоили дигар мавқеи Русияву Тоҷикистон маълум аст. Масоиле, ки дар равобити дуҷониба номафҳум мемонад, ҳамроҳ шудан ё нашудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодӣ аст. Русия ба пайвастани Тоҷикистон манфиатдор аст. Инчунин, интиқоли қудрат дар Тоҷикистон, ки инро ҷониби Душанбе мехоҳад."

Назари ҳамсонро таҳлилгари ғарбӣ Брюс Паннир ҳам баён кард.

Брюс Паннир
Брюс Паннир

Ба гуфтаи ӯ, "Тоҷикистон барои Русия як кишвари амн ба ҳисоб меравад. Мақомот дар бораи Украина хомӯшӣ ихтиёр кардаанд, Раҳмон ба Русия эҳтиёҷ дорад ва ин равобиташро таҳти хатар намегузорад. Путин мехоҳад, ба нақши муҳими Русия дар истиқрори сулҳи Тоҷикистон таъкид кунад ва Раҳмон ҳам ба замонати амнияти марзҳояш бо Афғонистон манфиатдор аст. Тахмин мекунам, дар фурсати наздик масъалаи интиқоли қудрат дар Тоҷикистон амалӣ мешавад ва бахше аз гуфтугӯҳо ҳам ба мавзӯи пуштибонӣ аз Рустами Эмомалӣ бахшида хоҳад шуд."

Замони сафар

Сафари Владимир Путин ба Душанбе замоне сурат мегирад, ки дар равобити Русияву НАТО бо сабаби монеъ шудани Литва ба иҷозаи убури борҳо ба Калининград таниши наве эҷод шудааст. Таҳлилгарон бовар доранд, дар сурати тавсеаи низоъҳо, ба Маскав пуштибонии кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ лозим мешавад.

Путин ба Душанбе омад
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:43 0:00

Ахиран мавқеи кишварҳои узви СПАД, ки аксарашон дар мавзӯи ҷанги Русияву Украина бетарафиро ихтиёр кардаанд, мавриди интиқоди раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров гардид. Қодиров онҳоро ба "беамалӣ" гунаҳгор кард.

Изҳороти ӯ баъди он садо дод, ки президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар Форуми байнулмилалии иқтисодии Санкт-Петербург гуфт, истиқлоли ҷумҳуриҳои худхондаи "ДНР" ва "ЛНР"-ро эътироф намекунад ва онҳоро давлатҳои воқеӣ намешуморад.

Бозгашт зери қаноти Русия ё "масъалаи Афғонистон"?

Як таҳлилгари рус ба ин назар аст, ки сафари Путин ба Тоҷикистон посух ба онҳое ҳам буда метавонад, ки мегӯянд, Русия дар ҷанги Украина "дармондааст".

Андрей Серенко
Андрей Серенко

Андрей Серенко гуфт: "Сафар ба Тоҷикистон метавонад, ҳамчун вокуниши Кремл ба овозаҳо дар бораи дар амалиёти низомии Укрина дармондани пойи Русия ва аз даст додани назорат бар минтақаи Осиёи Марказӣ арзёбӣ шавад. Аз ин рӯ, сафари Путинро чун талоши Кремл барои рад кардани ин андешаҳо мешавад шарҳ дод."

Серенко бовар дорад, баъди ташаббуси ахири Вашингтон ба ташкили мулоқоте роҷеъ ба Афғонистон, Русия ҳам баррасии масъалаи Афғонистонро муҳим донист. Ӯ рӯзи 28-уми июн дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: "Бовар дорам, чунин мулоқоте Маскавро хушнуд намекунад, ҳарчанд худи онҳо чунин пешниҳодеро ба забон наовардаанд. Ҳоло мо шоҳиди он ҳастем, ки аз сӯе Русия тавассути ВКХ ба Толибон таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад, аммо аз роҳи сохторҳои интизомиаш ба таври ғайрирасмӣ бо Ҷабҳаи муқовимат дар тамос аст. Маскав имкони бозӣ дар чанд ҷабҳаро дорад."

Таҳлилгари низомӣ Александр Хармчихин мегӯяд, дар шароите ки Путин дар хоки як кишвари аврупоӣ ҷанг пеш мебарад, таваҷҷуҳаш ба Афғонистон далелҳои худро дорад. Ба назари ӯ, бо ҳадафи пешгирӣ аз эҳтимоли доғ шудани вазъ дар қаламравҳои дигари мавриди назари Русия, имкон дорад, Путин аз мақомоти Тоҷикистон тақозо бикунад, бо Толибон ниҳоят забон ёбанд.

Ӯ афзуд: "Толибон ҳоло рафтори хуб доранд ва нишон додан мехоҳанд, ки ба касе даст расониданӣ нестанд. Аз ин рӯ, Путин шояд бигӯяд, бо онҳо созиш кардан мешавад."

Ин андешаро як узви ҳукумати Тоҷикистон ҳам баён кард. Ӯ афзуд, "мавқеи ошкори Тоҷикистон, ки гуфтааст, аз ҳуқуқи тоҷикон ва гурӯҳҳои қавмиву сиёсии дигар дар Афғонистон пуштибонӣ мекунад", дурнамои забон ёфтани ду ҳамсояи аз назари сиёсиву идеологӣ бо ҳам дар ихтилоф ва айни замон ҳамкору шарик бо Маскавро номуайян мекунад.

Назарҳову тахминҳо дар бораи ҳадафи сафари Путин ба Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:32 0:00

"Реэкспорт" ва афзоиши тиҷорат

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ дар пайи таъсири таҳримҳои ғарбӣ ва "реэкспорт" аз ҳадафҳои дигари сафар гуфта мешавад. Як хабарнигори наздик ба ҳукумати Русия мегӯяд, имкон дорад, аз Тоҷикистон афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзие ба мисли меваи хушк, матоъҳои пахтагӣ, пахтаи хому алюминий ва пашм тақозо шавад.

Соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 1 миллиард доллар маҳсулот ворид шудааст, ки назар ба соле пеш аз он зиёда аз 40 дарсад бештар аст. Эҳтимоли афзоиши ин омор имсол ҳам вуҷуд дорад.

Бори охир ду президент рӯзи 16-уми майи имсол дар Маскав дар ҳошияи ҷаласаи СПАД дидору гуфтугӯ карданд. Ин ҷаласа бо эътирози мардум дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рост омад. Мақомот баъди ду рӯзи он дар ноҳияи Рӯшон амалиёти, ба гуфтаашон, зиддитеррористӣ баргузор карданд. Дар натиҷаи он даҳҳо нафар кушта ва боздошт шуд. Он замон таҳлилгарон гуфтанд, зоҳиран Душанбе бо пуштибонии Маскав амал мекунад ва мавзӯи интиқоли қудрат ҳам "маслиҳатшуда" аст.

Андрей Серенко гуфт, эҳтимол мавзӯи интиқоли қудрат аз президент Эмомалӣ Раҳмон ба писараш Рустами Эмомалӣ як бахше аз мавзуъҳои мавриди баррасии ду раҳбар бошад, аммо, ба гуфтааш, Маскав ҳар гуна ҳолатҳои ғайримунтазира, бахусус дар Осиёи Марказиро хуш надорад.

Коршинос гуфт: "Бо ин ки Маскав аз сиёсати Раҳмон чандон хушҳол нест, дар маҷмуъ, ҳоло интихоби дигаре надорад. Бояд бо он чизе, ки ҳаст, кор кунад. Барои Маскав ҳифзи субот муҳим аст, аз ин рӯ, дар масъалаи интиқоли қудрат бо худи Раҳмон ҳамкорӣ мекунад. Маскав бо ҳар гуна раҳбаре дар Тоҷикистон кор хоҳад кард, ки тавони назорати ҷумҳуриро дошта бошад - хоҳ вай писар ё духтари президент аст, хоҳ каси дигар."

Чунин ҳаст ё на, шояд баъди анҷоми дидору гуфтугӯҳои ду президент дар Душанбе маълум шавад, вале ба ҳар ҳол, дақиқ аст, ки дар мулоқоти Путин ва Раҳмон додугирифтҳои сиёсие матраҳ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG