Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон гуфт, озодии баъзе кишварҳо "таҳти суол" қарор гирифтааст


Эмомалӣ Раҳмон

Раисҷумҳури Тоҷикистон вазъият дар ҷаҳонро "ниҳоят муташанниҷу буҳронӣ ва мураккабу хатарзо" номид ва гуфт, масъалаи истиқлолу озодии баъзе аз кишварҳо зери суол афтодааст, вале аз ҳеч давлате ном набурд.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1-уми апрел дар паёми бахшида ба оғози моҳи Рамазон гуфт, камчинии озуқаворӣ ва болоравии нархҳо мардумро сахт ба ташвиш овардааст. "Ҳолати бамиёномада ба вазъияти иқтисодиву иҷтимоии қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистони мо таъсири ҷиддӣ расонида истодааст," – афзуд ӯ.

Тоҷикистон агарчӣ як кишвари умдатан кишоварзист, ба қадри кофӣ ғалла истеҳсол намекунад ва солона садҳо ҳазор тонна гандумро аз хориҷ мехарад. Бисёре аз маҳсулоти ғизоӣ низ аз хориҷ ворид мешавад.

"Мо, аллакай, имрӯз бояд дар фикри он бошем, ки фарзандон ва аҳли хонадони мо ва умуман сокинони кишвар ба мушкилӣ дучор нагарданд ва аз камчинии маводи ғизоӣ ё болоравии нархи он, хусусан, дар мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода азияту муҳтоҷӣ накашанд," – афзуд ӯ ва бори дигар аз шаҳрвандон хост, захираи дусолаи ғизоро аз ёд набаранд.

Даъвати президент Раҳмон барои захираи дусолаи ғизо чанд сол боз садо медиҳад, аммо ҳамеша бо танқидҳо рӯбарӯ аст. Баъзе аз сокинон мегӯянд, барои захира пули кофӣ надоранд. Иддае дигар мегӯянд, маҳсулоти ғизоӣ зуд вайрон мешавад ва имкони дар як ҷо гирд овардану нигоҳ доштани онҳо нест.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин паёмаш ҳарчанд ба ҷанги Русия дар Украина ишора накард, "авзои бисёр ноорому бесуботи баъзе минтақаву кишварҳои сайёра"-ро ташвишовар хонд.

Ӯ гуфт: "Дар замоне ки... масъалаи истиқлолу озодии кишварҳои алоҳида ва сохти давлатдории онҳоро таҳти саволи ҷиддӣ қарор додааст, ҳар яки моро водор месозад, ки иттиҳоду сарҷамъии миллат ва амнияти давлату ҷомеаро боз ҳам таҳким бахшем."

Мақомоти Тоҷикистон аз оғози ҷанги Русия дар Украина дар пайванд ба ин рӯйдод чизе нагуфтаанд. Душанбе моҳи марти имсол аз ройдиҳӣ ба қатъномае алайҳи Русия худдорӣ варзид.

Ҳукуматҳои Ғарб ва баъзе аз расонаҳои ҷаҳонӣ пешгӯӣ кардаанд, ки Русия амалиёти ҳарбияшро бо ишғоли Украина ба поён намерасонад, балки метавонад, ба давлатҳои дигар низ ҳамла кунад. Дар ин росто пеш аз ҳама кишварҳои пасошӯравӣ номбар мешаванд.

Гуфта мешавад, президенти Русия Владимир Путин на дар орзуи барқарор кардани Иттиҳоди Шӯравӣ, балки эҳёи Русия дар қаламравҳои пеш аз инқилоби соли 1917 аст. Ба ин сабаб таҳлилгароне аз Қазоқистон ва Узбекистон амалкарди Русияро шадидан танқид мекунанд. Дар Тоҷикистон ин мавзуъ расонаӣ нашуда, дар Қирғизистон борҳо намоишҳои зидди амалкарди Русия дар Украина баргузор гаштаанд.

Шарҳҳоро бинед (23)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG