Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба сокинони Алмато ваъда доданд, ки даромадашон то соли 2030 меафзояд


Яке аз бозорҳои шаҳри Алмато. Акс аз бойгонӣ.
Яке аз бозорҳои шаҳри Алмато. Акс аз бойгонӣ.

Ҳукумати шаҳри Алматои Қазоқистон ва маркази рушди шаҳр "Авлавиятҳои асосии нақшаи рушди Алмато то соли 2050 ва ояндаи миёнамуҳлат то соли 2030"-ро ба муҳокимаи умум гузоштанд.

Дар рӯйхати авлавиятҳои рушд нишон дода шудааст, ки то соли 2030 даромади миёнаи сокинони Алмато бояд ба "360 ҳазор танга дар моҳ" (бештар аз 760 доллари ИМА) бирасад.

Дар ин рӯйхат омадааст, ки "рушди даромади воқеии сокинони Алмато дар соли 2015 ҳамагӣ 2 дарсадро ташкил дода, ҳар панҷумин шаҳрванди бекори Қазоқистон дар Алмато зиндагӣ мекунад".

Бино ба гузориши нашршуда, дар Алмато аз ибтидои соли ҷорӣ беқурбшавии баланд (8,8 дарсад) мушоҳида шудааст.

Дар соли 2021 даромади миёнаи музди меҳнати сокинони Алмато 157,9 ҳазор тангаро ташкил додааст.

XS
SM
MD
LG