Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден тарҳи ҷанҷолиро дар мавриди силоҳ қабул кард


Ҷо Байден
Ҷо Байден

Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико, рӯзи 25-уми июн ба тарҳи ҷанҷолии манъи истифода аз аслиҳа дар хушунатҳо имзо гузошт.

Ин лоиҳа солҳо боз мавриди баҳс қарор дошт, вале дар мавриди он тавофуқи ҳамаҷониба ҳосил нашуда буд.

Созиши Ҳизби Демократ ва Ҳизби Ҷумҳурихоҳ дар бораи лоиҳа пеш аз тирандозиҳои ахир, аз ҷумла қатли 19 хонанда ва ду муаллим дар як мактаби Техас, низ ғайри қобили тасаввур ба назар мерасид.

Байден бо ишора ба мулоқот бо оилаи қурбониёни ин тирандозиҳо гуфт, "паёми онҳо ин буд, ки як кореро анҷом диҳед ва мо имрӯз ин корро кардем."

Маҷлиси Намояндагони Амрико лоиҳаро рӯзи 24-уми июн қабул кард.

XS
SM
MD
LG