Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Далеру Абдуллоҳ чӣ кор карданд, ки ҳоло паси панҷара ҳастанд? ВИДЕО


Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Далери Имомалӣ
Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Далери Имомалӣ

Як ҳафта аст, ки дар саҳифаи ютубии Далери Имомалӣ гузориши нав пахш намешавад. Рӯзҳои қабули вазирону раисон ҳам бе интрига мегузарад, чун Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ ногаҳон бо камера аз дар намедароянд. Рӯзи 15-уми июн Додситонии ноҳияи Шоҳмансур ин ду рӯзноманигори тоҷикро боздошт кард.

Далери Имомалӣ ба соҳибкории ғайриқонунӣ, дуруғпароканӣ ва узвият дар созмонҳои мамнуъ муттаҳам шуд. Абдуллоҳ Ғурбатиро дар муқобилият ба корманди пулис гумонбар донистанд. Наздиконашон айбномаҳоро рад мекунанд. Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ кӣ буданд ва чаро боздошти онҳо сарусадои зиёдро ба миён овард?

Ду маротиб латту кӯб шуд, акнун пулисро мезанад?

Абдуллоҳ Ғурбатӣ 26 сол дорад ва се соли ахир барои хабаргузории “Азия-Плюс” гузоришҳои видеоӣ омода мекард. Ғурбатӣ дар саҳифаи фейсбукиаш аз мушкилотҳои ҷомеа интиқод мекард ва баъзан тунд ҳам мегуфт. Соли 2020 ду маротиба латту кӯб шуд. Худаш бовар дошт, ки ин ҳамлаҳо ба фаъолияти кориаш рабт доранд.

Афроде, ки Абдуллоҳ Ғурбатиро заданд, пайдо нашуданд.
Афроде, ки Абдуллоҳ Ғурбатиро заданд, пайдо нашуданд.

“Ман ба ҳеч як нафар ҳисоби нобаробар надоштам, бо ҳеч як нафар баҳс надоштам, ҷанг накарда будам ва пеш аз ин ба суроғи ман таҳдидҳо ва таъқибҳое ҳам шуда буд,”-гуфта буд Абдулло дар як суҳбаташ ба Радиои Озодӣ.

Дӯстонаш мегӯянд, ҳамлаҳо ба Абдуллоҳ Ғурбатӣ иродаи ӯро нашикаст. Эмомалӣ Сайидзод, ҳамсабақ ва аз дӯстони наздики Абдуллоҳ Ғурбатӣ аст. Мегӯяд, Ғурбатӣ дар касбаш беғараз буд ва воқеаро ҳамон тавре нишон медод, ки ҳаст.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Дар ҷустуҷӯи ҳақиқат. Роҳе, ки Далеру Абдуллоҳ интихоб карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:58 0:00

Мақомот ҳоло Абдуллоҳ Ғурбатиро ба он муттаҳам мекунанд, ки бегоҳи 15-уми июн ба як корманди милиса дар дохили бинои Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур ҳамла кардааст. Ба гуфтаи вакили дифоъ, Ғурбатиро баъди бозпурсӣ ҷавоб доданд ва маълум нест, ки чигуна ӯ дар назди нуқтаи посбонҳо корманди милисаро задааст. Хонавода ва дӯстонаш ба ин иттиҳом боварӣ надоранд ва мепурсанд, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ду маротиба зери мушту лагад монду посух надод, акнун корманди милисаро мезанад?

“Абдулло то имрӯз фақат дар журналистика ҷабрдида буд, ҳеч вақт ба сари касе мушт набардошт. Ҳамагӣ медонанд, ки ӯ ду маротиба ҷабрдида буд. Ҳамеша тавсияаш ин буд, ки журналистика ягон касбе нест, ки мо аз он пулдор шавем,”-афзуд Эмомалӣ Сайидзод.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ беш аз як моҳи ахир наворбардори Далери Имомалӣ буд. Баъзе дӯстонаш бовар доранд, ки фаъолияти ахири Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар Ютуб “косаи сабри баъзеҳоро лабрез кард.”

“Баъди ҳар гузориш даъват мекарданд”

Ҳамкору ҳамтақдири Аблуллоҳ, Далери Имомалӣ ҳашт сол пеш аз саҳнаи ҳунару театр ба журналистика омад. Ба майдоне, ки барояш ҳам шӯҳрат овард ва ҳам дардисарҳои зиёд. Дӯстону ҳамкоронаш аз Далери Имомалӣ ҳамчун як ҷавони самимӣ ва содиқ ба кори худ тавсиф мекунанд, ҳарчанд бархеҳо мегӯянд, ин рӯзноманигор гоҳо ба эҳсосот дода мешуд. Далер қаблан дар Радиои “Имрӯз ” ва "Ватан" кор мекард. Масъули гурӯҳи театрии "Нигоҳи нав" буд.

Далери Имомалӣ мавзуҳои ҳасоси сиёсӣ ва иҷтимоиро пайгирӣ мекард.
Далери Имомалӣ мавзуҳои ҳасоси сиёсӣ ва иҷтимоиро пайгирӣ мекард.

Далери Эмомалӣ бо фошгӯӣ ва нашри гузоришҳо аз мушкили мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ ном баровард. Барои таҳияи гузоришҳо Далери Имомалиро ба “сӯҳбат”- и мақомот даъват мекарданд ва ба гуфтаи худаш мушт ҳам хӯрдааст. "Бештари вақт дар ҳар ҷое, ки моро ба сӯҳбат даъват мекунанд, ҳамин масъала баррасӣ мешавад, ки ба ин мавзӯъ дахолат кунед, ба ин мавзӯъ не. Вале ҳеҷ вақт ба гапи ин бародарон нашудааст. Ман берун мебаромадам ва видеоҳоро ба ҳамон шакле, ки хостам, пешниҳоди мардум кардам,”-гуфта буд Далери Имомалӣ.

Хабарҳо дар бораи бозпурсии Далери Имомалӣ, аз ҷумла дар бораи мушт хӯрданаш вокунишҳои зиёдро ба бор овард. Вале мақомот ба ин хабарҳо ягон вокуниш накарданд.

“Офтобе буд, ки баъзеҳоро сӯзонд”

Қурбони Собир, ҳунарманди шинохтаи тоҷик, устоди Далери Имомалӣ дар Донишкадаи санъат буд. Шогирдашро ба офтобе монанд мекунад, ки бархе рӯшании ӯро таҳаммул карда натавонистанд. “Кори журналистии Далер бисёр рӯшан шуд, мисли офтоб ҳамаро нур бахшид, гармӣ бахшид, касонеро албатта камакак сӯзонд. Аммо ман хаёл мекунам, ки онҳо ҳам камакак ором мешаванд, чаро ин офтоби бисёр нарм аст, ин нуму мебахшад, боз ҳам гул мекунад,”-афзуд Қурбони Собир.

Саҳифаи ютубии Далери Имомалӣ дар Ютуб 150 ҳазор бинанда дошт ва наворҳояшро то як миллион тамошо мекарданд. Мавзӯи гузоришҳои Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ асосан мушкилоти иҷтимоӣ, боздид аз қабули вазирон ва суҳбат бо фаъолони сиёсӣ буд. Ин ду рӯзноманигори тоҷик дар гузоришҳои худ ба мавзуъҳои сиёсӣ кам даст мезаданд. Бархе ҳамкасбонашон мегӯянд, онҳо “хатти сурх”-ро то ҳадди имкон риоя мекарданд, аммо дар баробари ноадолатӣ ва фишору таҳдид сокит наменишастанд.

"Медонистанд, ки чӣ мешавад"

Азиз Нақибзод, рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, “Абдуллоҳ ва Далери Эмомалӣ чандин бор ба мақомот даъват шудаву аз ин пешомад огоҳ буданд, ки ба сарашон чунин ҳодисае меояд, аммо онҳо то охир ба касбашон содиқ монданд.”

Аммо кори Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ гоҳо танқид мешуд. Як эрод ин риоя нашудани тавозуни назарҳо ва зиёд бовар кардан ба ҳарфи шикояткунандаҳо буд. Як ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ дар мақомот гуфт, вай дар матлабҳояш ба эҳсосот роҳ медод ва қонунҳои кишварро нақз мекард. Огоҳон мегӯянд, агар мақомот ба кори ин ду рӯзноманигор эроде медоштанд, бояд аз роҳҳои қонунӣ мерафтанд, на боздошту зиндон.

Нуриддин Қаршибоев, роҳбари Анҷумани воситаҳои ахбори оммаи мустақил мегӯяд, дар сурати норозӣ будан ба маводҳои рӯзноманигорон, қонунгузорӣ вокуниш ва раддияро пешбинӣ кардааст.

“Вале имрӯз онҳо мавриди фишор қарор доранд ва ин мавқеи шахсии ман аст, ки мақомот барои таҳти назорат қарор доштани фазои иттилоот ва зери назорат будани фаъолияти расона ва рӯзноманигорони мустақил ба ин иқдом даст заданд, ки оқибати хуб надорад. Паёмади аз ҳама хатарнок ва хатарзои ин иқдом баланд шудани худсензурӣ миёни журналистон аст.”

Талаби озодии Далер ва Абдуллоҳ

Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ як ҳафта боз дар боздоштгоҳ ҳастанд ва волидону пайвандонаш саргардонанд. Мақомот ба пайвандон иҷозаи вохӯрӣ намедиҳанд. Ба парвандаи Далери Имомалӣ муҳри махфӣ задаанд ва барои ҷомеа норӯшан аст, ки дар дохил чӣ мегузарад. Садҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ озодии Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатиро талаб доранд. Даҳҳо нафар навиштаанд, фаъолияти озоди рӯзноманигороне мисли Далеру Абдуллоҳ як рукни асосии ҷомеаҳои демократӣ аст. Мақомот дар баробари ин даъватҳо хомӯширо ихтиёр кардаанд. Соҳибназарон боздошти ин хабарнигоронро намунаи рӯшани хатарноктар шудани рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон медонанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

XS
SM
MD
LG